545 зани роҳбар дар хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуд

Декабрь 3, 2015 12:12

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Ташхиси гендерӣ дар вилояти Хатлон нишон дод, ки дар вилоят 396100 нафар корманд фаъолият доранд, ки аз онҳо 170538 (43%)  нафарашро занон  ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, кадрҳои роҳбарикунанда 28910 нафар буда, 4761 (16,4%)  нафари онҳо аз ҳисоби занону духтарон мебошанд”-,гуфт муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила  Давлатзода Зулфия дар ҷараёни  мизи мудаввар, ки  ба 16-умин солгарди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бахшида шуд.
Бино ба гуфтаи муовини раиси кумита ташхиси гендерии дар вилояти Суғд гузаронидашуда  маълум намуд, ки аз шумораи 2084  хизматчии давлатӣ 592 нафар ё  28,4%-ро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 179 нафар ё 30,2 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон мебошанд.  
Мутобиқи таҳлилҳо шумораи умумии занон дар хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд сол ба сол афзуда истодааст.  Ин шумора агар  дар соли 2013 564 нафарро ташкил диҳад, пас дар соли 2014 ба 580 нафар ва дар   соли 2015 ба 592 нафар расидааст. 
“Ҳамзамон дар давраи солҳои 2010 ва то соли 2015  545 нафар занони роҳбар аз соҳаҳои гуногун дар хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд”,-илова намуд Давлатзода Зулфия.

 

Декабрь 3, 2015 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад