Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир

Декабрь 5, 2015 05:24

Душанбе, 5.12.2015(АМИТ «Ховар»).- 3 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир» семинари илмию амалӣ доир гардид.
Дар семинар мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҳакимбек Сандалов иброз дошт, ки пардохт намудани маблағҳои гуногун тавассути кортҳои пластикӣ дар тамоми бонкҳо  талаби замон аст.
Муаллими калони ҳамин кафедра Ғ. Ғафуров  дар мавзӯи мавриди назар маърӯза намуда, аз таърихи пайдоиши корти пластикӣ ҳарф зад. Мавсуф зикр кард, ки корт метавонад ҳамчун иҷозатнома барои ворид шудан ба бино, воситаи дастрасӣ ба компютер, воситаи пардохти ҳаққи гуфтугӯйи телефон ва шаҳодатномаи ронандагӣ хизмат кунад. Дар соҳаи муомилоти пулӣ кортҳои пластикӣ яке аз воситаҳои пешқадами ташкил намудани ҳисобҳо ғайринақдӣ мебошанд. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар ҷумҳурии мо низ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад, гуфт Ғ. Ғафуров.
Дар семинар миёни устодону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт ва роҷеъ ба ин масъала онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки барои тавсеаи донишашон мусоидат мекунад.

 

Декабрь 5, 2015 05:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад