Аҳли қалам дар меҳмонии сарбозон
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии адибону олимон ва ҳунармандону санъаткорон бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Чунин як мисоли равшан ин вохӯрии аҳли қалам ва эҷодкорону ҳунармандон бо сарбозону афсарони қисми низомии 3501-и қушӯнҳои дохилии ВКД воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Баланд бардоштани маърифати адабӣ, огоҳ намудан аз мероси пурғановати ниёгон ва муосири адабиёт, мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили геополитикии минтақа ва ҷаҳон ва тарғиби арзишҳои милливу аҷдодӣ аз мавзӯҳои меҳварии вохӯрии аҳли зиё бо сарбозону афсарони қисми низомии 3501 ба ҳисоб рафт.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагон аз Кумиҷроияи вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва як гурӯҳ шоирону нависандагон ва ҳунармандону санъаткорон иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсаронро ба муносибати фарорасии Соли нав табрик намуда, аз шароиҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои сарбозону афсарон ёдовар гардид. Илова намуд, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди қисми низомии 3501 бо тамоми лавозимоти маишиву фаннӣ ва ҳарбиву ҷангӣ мавриди истифода қарор дода шуд, то ки ҷавонони ватандӯсту матиниродаи кишвар дар чунин шароит баҳри дифои марзу буми кишвари аҷдодӣ камари ҳиммат банданд.
Бояд илова намуд, ки маҳз бо дарки амиқи масъалаи мазкур дар арафаи ҳар як ҷашну маросими миллӣ, раиси шаҳри Хуҷанд бо дастовези идона ба қисми низомии мазкур ташриф оварда, пайваста аз аҳволу шароити зиндагии сарбозон дидан мекунад.
Дар идомаи маҳфил як гурӯҳ нависандагону шоирон аз эҷодиёти хеш назди ҳозирин суханронӣ намуда, бо сарбозон маҳфили саволу ҷавобро барпо намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






