Ҷаббор Ахмедов: «Эмомалӣ Раҳмон дар асл пешвои миллат аст»
Душанбе, 09.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Парлумони мамлакат аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баъд аз муҳокимарониҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Намояндаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, аз ҷумла зикр кард: «Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи хеле муҳим, ҳассос ва ҳалкунанда қарор дорад. Таҳдидҳои замони муосир, афзудани хатарҳои террористӣ ва таҳдидҳои экстремистӣ боиси ноустувор гардидани вазъи сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон гардида, эҳтимоли расонидани таъсири манфӣ ба тақдири кишварҳои рӯ ба инкишоф зиёд шуда истодааст. Дар чунин маврид вазифаи ояндаи наздик на фақат эмин нигоҳ доштани мардум аз ин хатарҳои номатлуб, ҳамчунин ҳифз намудани дастовардҳои солҳои истиқлолият ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуботи ватанамон мебошад. Дар шароити имрӯза иқдоме зарур аст, ки тавонад сокинони Тоҷикистонро дар ин давраи тақдирсоз боз ҳам муттаҳид гардонад, дар роҳбарии давлат сарваре бошад, ки таҷрибанок, кордону корозмуда ва пешвои миллат бошад”.
Ба андешаи намояндаи мардумӣ Ҷаббор Ахмедов: “Дар илми сиёсатшиносӣ масъалаи пешвои миллат, лидери сиёсӣ нав нест ва баръакс, дар баъзе марҳилаҳои таърихӣ давраи ҳассос барои миллат як унсури бисёр ҷиддӣ ва зарурии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунин шахсиятҳоро мо дар таърихи бисёр мамлакатҳо пайдо менамоем. Аз нигоҳи имрӯза ва бо муқоисаи вазъи кунунии Шарқи наздик ва Аврупо дурандешонаву хирадмандона будани тадбирҳои сиёсии Сарвари давлат равшану возеҳ ба назар мерасанд. Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гузашт кардан ба якдигар, ба Ватан бозпас гардонидани зиёда аз як миллион гуреза, таъмини амният ва зиндагии осоиштаи онҳо- инҳо амалҳои хирадмандона, беназир ва саривақтӣ буданд, ки бебаҳоянд. Аслан хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба бозгӯйӣ ва тарғибу ташвиқ ниёз надоранд. Агар ба фаъолияти Сарвари давлат воқеъбинона назар намуда, беғараз баҳогузорӣ карда шавад, метавон хулоса кард, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар асл пешвои миллат аст ва ин воқеияти таърихӣ буда, инкори он номумкин аст. Дар фаъолияти касбӣ ва андешаву тафаккури Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат як сиёсатмадори варзида, кафили мавҷудияти давлат ва суботу амнияти Тоҷикистонро мебинанд.
Намояндаи мардумӣ Ҷаббор Ахмедов инчунин гуфт: «Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат барои рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа тадбирҳои судманд амалӣ шуданд. Ҳоло ҳаёти сиёсии ҷумҳуриро бе Парлумони касбӣ, ки намояндагони шаш ҳизбро дар бар мегирад, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки зиёда аз 2600 созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид менамояд, бе рӯзномаву маҷаллаҳои давлатию ғайридавлатӣ тасаввур кардан мумкин нест. Имрӯз дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ташаккул ёфта, ҳафт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият доранду зиёда аз чорсад ҳазор мардуми калонсол дар ҳаёти сиёсӣ иштирок доранд. Бори нахуст дар қаламрави Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуд, ки ҳизбҳои сиёсии дорои характери динӣ фаъолият дошта бошанд. Мутаассифона, онҳо ба қадри он нарасиданд, ношукрӣ карда, ба амалҳои ғаразнок даст заданд, вале ба ниятҳои зишти худ нарасиданд.
Гуфтан мумкин аст, ки Президенти мамлакат тӯли ин солҳо ташаббускор ва бунёдгузори ташаккулёбии равандҳои демократикунонии ҷомеа, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии матбуот буд ва дар ин самт мавқеи устувор ва бебозгаштро ишғол кардааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






