Ҳадафи танқид дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот

Декабрь 4, 2015 12:22

Душанбе 04.12.2015.(АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 1-уми декабри соли равон дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо сарлавҳаи «Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ташвишовар аст» нашр гардид. Бегоҳи рӯзи 3-юми декабр вобаста ба мақолаи чопшуда аз номи директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Алиев ба идораи АМИТ «Ховар» номаи ҷавобӣ ворид шуд. Бояд иқрор шуд, ки ҳайати редаксионии АМИТ «Ховар» дар аввал аз чунин вокуниши фаврии масъулони соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе хеле хурсанд шуданд, вале бо хондани номаи ҷавобӣ хурсандии мо низ анҷом ёфт. Гап сари он меравад, ки масъулони муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз фаъолияти худ ҳисоботи дурудароз навиштаанд, лекин барои беҳтар кардани вазъи хизматрасонӣ ягон тадбири амалӣ пешниҳод накардаанд. Ба ибораи дигар то ҳоло танбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт ташвишовар боқӣ мемонад ва ҳар субҳу шом боиси саргардониву сарсонии сокинону меҳмонони Душанбе мегардад. Аз ҳама аҷиб он аст, ки масъулони муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо дигар сохторҳои марбутаи шаҳр дар давоми соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 1147 ҳолати вайрон кардани қойдаи ҳаракати роҳро ошкор карда, барои бартараф намудани камбудиҳо зиёда аз 500 гузоришу санад тартиб додаанд, аммо беҳбудӣ дар кори соҳа то ҳоло ба назар намерасад…
Шояд замони он расидааст, ки муносибат ба танбашавии нақлиёт дар шаҳр тағйир дода шавад? Барои мисол вақте 4-5 гурӯҳи кории Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз ӯҳдаи бартараф кардани танбашавӣ на дар фасли зимистону на дар фасли тобистон баромада наметавонанд, беҳтар нест, ки ягон чораи муассири дигар андешида шавад? Вақти он расидааст, ки танбашавии нақлиёт дар пойтахтро ҳамчун зиёдшавии нақлиёт, мусофирон ва хизматчиён эътироф карда, мисли шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти мазкур одобу рафтор, гуфтору муносибати шоиста дар мадди аввал гузошта шавад? Вагарна, бо ин вокуниш нишондоданҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис доданҳо, тавре ки таҷриба нишон медиҳад, вазъият дар роҳҳои мошингард беҳтар намешавад. 
АМИТ «Ховар» номаи ҷавобии муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро мувофиқи талаботи қонун бетағйиру илова, айнан барои хонандагони сомона нашр карда, изҳори умед мекунад, ки масъулони соҳа ҳамон тавре ки барои ҳисобот додан фаврият нишон медиҳанд, баҳри ислоҳи камбудиҳо низ ба таври фаврӣ кӯшиш мекунанд. Дар ин кори мураккаб вале масъул ба роҳбарияту кормандони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» муваффақият хоҳонем.  

«Ба директори АМИТ «Ховар»
Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мақолаи «Ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ташвишовар аст», ки дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», 1-уми декабри соли 2015 ба нашр расидааст, дар ҷаласаи назоратии кормандони соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми декабри соли 2015  бо иштироки Алиев А.А. -директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Сафиалоев С.Ғ.- муовини раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, Камолов Ф.У.- сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  дар шаҳри Душанбе, Нарзирева Г. -корманди Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳое, ки ба онҳо хатҳои сайри мусофирбарӣ вобаста карда шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
    Зикр намудан ба маврид аст, ки чунин ҷаласаҳои корӣ ҳар ҳафта мунтазам дар Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» гузаронида шуда, масъалаҳои хизматрасонии нақлиётӣ ва камбудиҳои дар давоми ҳафта пайдо гардида баррасӣ ва ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо супоришҳо дода мешаванд.
    Нисбати ошкорнамоӣ ва пешгирии қойдавайронкуниҳои ронандагон мунтазам кор бурда мешавад. Тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба танзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки аз тарафи МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» тартиб дода шуда дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, ҳамарӯза 5 гуруҳи корӣ иборат аз кормандони роҳбарикунандаи Муассисаи мазкур ва роҳбарони корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётӣ дар ҷойҳои ҷамъшавии мусофирон (маҳаллаи Зарафшон, маҳаллаи 46-ум, кӯчаи Н.Қаробоев-200 (Маркази ташхиси техникӣ) маҳаллаи Обшорон, майдони Сарҳадчиён) аз соати 06.00 то соати 07.10 дақ. навбатдорӣ ташкил карда шуда раванди хзматрасонии нақлиётӣ зери назорат қарор дорад.
    Тибқи нақша-чорабиниҳое, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  тасдиқ гардидааст, мунтазам 4 гуруҳи алоҳидаи рейдии дигар  иборат аз кормандони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», ШБДА  РВКД дар шаҳри Душанбе  ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим  дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ  ва раёсати андози шаҳри Душанбе ташкил гардида ҷиҳати аз байн бурдани фаъолияти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти рақамсафед, пешгирии  қоидавайронкуниҳо аз тарафи ронандагони нақлиёти мусофирбар  ва барои сари вақт бо воситаҳои нақлиёт таъмин намудани шаҳрвандон чораҷӯӣ менамоянд.
    Дар соли 2015 дар рейдҳои муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони  Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ  1147 қоидавайронкуниҳо ошкор карда шуданд, ки нисбаташон маводҳо тартиб дода шуда ба мақомотҳои ваколатдор барои баррасӣ  ирсол шудаанд. 
    Новобаста аз иштирок дар рейдҳои муштарак дар фаъолияти ҳаррӯзаи кори худ мутахассисони муассиса дар тӯли 11 моҳи сипаришуда фаъолияти корхонаҳо, риояи қоидаҳои ҳамлу нақли  мусофирбарӣ дар хатсайрҳо, ба қайд гирифтани баромади воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз корхонаҳо, риояи тозагии воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва намуди зоҳирии ронандагону чиптачинон, дуруст ба роҳ мондани кор бо роҳхатҳо аз ҷониби танзимгарон, ба қайд гирифтани воситаи нақлиёти мусофирбари ғайриқонунӣ фаъолияткунанда дар хатсайрҳо, аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон дар воситаҳои нақлиёт ва таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мусофирбар бо экипировкаҳои лозима зери назорати қатъӣ гирифта шуда оиди камбудиҳо ва норасоиҳо зиёда аз 500 гузоришу санадҳо тартиб дода шуда ба роҳбарони корхонаҳои нақлиётӣ пешниҳод шудааст.
    Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, ки мушкилоти нақлиётӣ доранд, пешгирии холатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт гуруҳҳои муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, дар 13 дидбонгоҳҳои назоратӣ аз соати 07.00 то соати 12.00 ва аз соати 16.00 то соати 19.00 фаъолият мекунанд.
    Дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ рақамҳои телефонии корхона ё ҷамъияти хизматрасон, сохторҳои назоратӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе насб карда шудаанд, ки оиди қоидавайронкунии ронандагон мусофирон метавонанд муроҷиат намуда хабар диҳанд то, ки сари вақт чора андешида шавад.
    Нисбати  пешниҳоди Ато Мирзо , ҷиҳати воридшавии  воситаҳои нақлиёти боркаш аз соати 22.00 то соати 05.00 хотиррасон менамоем, ки оиди ин масъала қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст ва масъулин (роҳбарони бозорҳо) муваззаф гардидаанд, ки воситаҳои нақлиёти боркашро дар ҷойҳои барои онҳо муайяншуда (на дар шафати роҳ) ҷойгир намоянд.
    Роҳбарони корхонаю ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ вазифадор карда шуданд, ки маводи сомонаро дар байни кормандону ронандагон муҳокима намуда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта  чораандешӣ намоянд.    
    Директори «Душанбенақлиётхадамотрасон» А. Алиев».

    

 

Декабрь 4, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд