«Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия»

Декабрь 29, 2015 10:12

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-17-18 сентябри соли ҷорӣ  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ , роҳбарон ва намояндагони гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ  бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ  дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ  баргузор гардида буд, ки ин аз мавқеи намоёни ин мақомоти назорати конститутсионӣ  шаҳодат медиҳад.
Натиҷаи кори  Конфронси байналмилалӣ дар шакли китоби алоҳида «Маводи конфронси байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ   кафолати таъмини волоияти Конститутсия» рӯи чоп оварда шуд, ки он суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо се забон ва маърӯзаҳои дигар иштирокдорони конфронсро дар бар мегирад.
Дар китоби мазкур дар радифи маърӯзаҳои чорабинии сатҳи байналмилалӣ  ва мавзӯъҳои дар он матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои конфронси душанбегӣ  оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ  бо се забон оварда шудаанд, ки муқаррароти он ба ташаккули фаъолияти минбаъдаи мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди қонунгузорӣ  ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. 
Маводи Конфронси байналмилалӣ  ба зиёда аз чил кишвари ҷаҳон, мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, муассисаҳои олии таълимӣ  ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ  ирсол мешавад.
Мутолиаи маводи конфронси байналмилалӣ  барои шиносоӣ  пайдо намудан бо фаъолият ва салоҳияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои мухталифи хориҷи кишвар ва назарияи конститутсионализм мусоидат мекунад.

 

Декабрь 29, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд