Афзоиши шумораи гурезагон дар ҷаҳон

Декабрь 18, 2015 12:12

Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи гурезагон дар ҷаҳон то охири соли 2015-ум, ки ба анҷоми он рӯзҳои башумор мондааст, мумкин аст  ба беш аз 60 миллион нафар расад, омадааст дар гузориши  Раёсати комиссари олии СММ оид ба гурезагон. «Қариб миллион нафар Баҳри Миёназаминро ҳамчун гуреза ва ё муҳоҷир убур кардаааст, аммо ҳамоно низоъҳо дар Сурия ва дигар минтақаҳо идома доранду раванди гуреза шудан низ хотима наёфтааст. Воситаҳои зиёд кардани ранҷу азоби одамон  ва ба ин хотир тарк кардани макони зисти худ  дар соли 2015-ум, эҳтимол як соли рекордие шавад, ки дар ягон соли дигар ба қайд гирифта нашуда бошад»,- омадааст дар гузориш. Шумораи дақиқи гурезагон ба як фоизи аҳолии рӯи замин наздик мерасад.  Ҳоло аҳолии кураи замин 7 милларду 300 миллион нафар мебошад. 

 

 

Декабрь 18, 2015 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад