Ҷаласа дар ҳузури Сарвазири мамлакат оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Декабрь 24, 2015 07:47

Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ Ховар).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳо вобаста ба вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии хатарҳои офатҳои табиӣ ҷаласа баргузор шуд.
 Дар ҷаласа оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ва вобаста ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маълумоти директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони лоиҳаҳо шунида шуд.
 Иттилоъ дода шуд, ки аз 1386 километр саддҳои муҳофизатӣ беш аз 600 километри он корношоям гардидааст ва ба таври зарурӣ нигоҳ доштани онҳо хароҷоти зиёд талаб мекунад, зеро ҳар сол онҳо бар асари офатҳои шадиди табиӣ осеб мебинанд. Чунонки иттилоъ доданд, вазъи мураккаб бештар дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва Сурхоб ба мушоҳида мерасад. 
 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни ҷамъоварии ҳаққи истифодаи об, ки аз 71 миллиони нақша, танҳо 36 миллиону 715 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, изҳори нигаронӣ кард ва афзуд, ки яке аз омилҳои асосии қафомонии корҳо пурра пардохт накардани маблағ аз тарафи истифодабарандагони об мебошад.
 Дар ҷаласа бори дигар ба самъи ҳозирин дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодасозии лоиҳаю  нақшаҳои асоснок барои пешгирии оқибатҳои селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ расонда шуд.
 Бо назардошти масъалаҳои дар ҷаласа муҳокимагардида, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарони  вазорату идораҳои дахлдор  ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки доир ба ҷоннок кардани корҳо ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои мавҷуда, таҳияи нақшаву лоиҳаҳои мукаммал барои фаъолият дар соли 2016-ум, захираи масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатию грантҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ барои вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин таъмини техникаҳои зарурӣ аз ҳозир тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Декабрь 24, 2015 07:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд