Ҷаласаи фаврӣ дар назди вазири корҳои дохилӣ дар РВКД ВМКБ
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дар РВКД дар ВМКБ дар назди вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ бо иштироки муовини раиси ВМКБ Назришоев Тоҷиддин, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷумъа, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб, сардорони ШВКД, БДА ва хадамоти дидбонию пайраҳадории вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошиҳо барои ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва мошинҳои сиёҳшишаи беиҷозат, танбашавӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қорор гирифтанд.
Вазир зикр кард, ки махсусан дар назди бозори шаҳри Хоруғ бетартибӣ ва бенизомӣ зиёд аст, ки ин ба танбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад ва аз масъулин қатъӣ талаб кард, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро инчунин оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза ва расонидани кумак ба мардуми зарардида таъкид кард, ки ҳар як ҳодисаи табиӣ бояд сари вақт ба қайд гирифта шавад.
Оид ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон изҳор дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкории зич бо мардум фаъолият намуданд, ки ин имкон дод, дар муҳлати кӯтоҳтарин гурӯҳҳои террористӣ нобуд карда шаванд.
Дар ҷаласа, сардори Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят полковники хизмати дохилӣ Шолангаров Анваршо Тутишоевич оид ба корҳо дар самти пешгирӣ аз сӯхтор дар фасли зимистон ва насб намудани дастгоҳи барқхомӯшкунӣ (рубилники ягона) дар бозорҳо ва марказҳои савдо маълумот дод.
Дар ҷаласа бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон ҳамро як гурӯҳ масъулин барои роҳ додан ба камбудиҳо ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, ба сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ва муовинонаш огоҳӣ дода шуда ва барои бартараф кардани камбудиҳо ба онҳо як моҳ муҳлат дода шуд.
Ҳамчунин бо Фармони вазири корҳои дохилӣ сардори БДА РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Кенҷазода Тоҳир ва сардори ШБДА-и шаҳри Хоруғ майори милитсия Изатшои Шукурбек аз вазифа озод карда шуда, ба сардори Шуъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Дарвешов Гайдар ва сардори шуъбачаи назорати техникӣ танбеҳ эълон карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ҳамаи сардорони шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои вилояти Бадахшон танбеҳ эълон карда шуд.
Дар хотимаи ҷаласа, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, талаб кард, ки вазифаҳои хизматиашонро сари вақт ва босифат иҷро намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






