Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин

Декабрь 11, 2015 08:23

Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз 10 декабри соли 2015 ин ҷониб  дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ шурӯъ гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок доранд.
Дар ҷаласаи номбурда ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳое мувофиқа мегарданд, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (14-15 декабри соли ҷорӣ, шаҳри Чжэнжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешниҳод мешаванд.

Декабрь 11, 2015 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш