Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи ҶТ

Декабрь 25, 2015 08:04

Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, намояндагони Шурои кӯҳансолон, аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои ҷамъиятй ва масъулини Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, инчунин намояндаи Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок карданд.
Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 масъала, аз ҷумла, маърӯзаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020, ҳисоботи раисони ноҳияҳои Варзоб,  Вахш, ҳамчунин, натиҷагирии фаъолияти Шӯро ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2016 иборат буд.
Сарвазири мамлакат-Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Қоҳир Расулзода дар оғози маҷлис таъкид намуд, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки то ҳол ягон кишвари олам барои пурра аз байн бардоштани он муваффақ нашудааст. Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо дарназардошти муҳимияти муқовимат бо ин омили хатарнок, ки боиси болоравии сатҳи камбизоатӣ ва садди пешравии иқтисодиёти давлатҳо мегардад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои мубориза бо коррупсия тадбирҳои муассиру саривақтӣ меандешанд.
Қабули як  қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқгардонии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа бо талаботи низоми ҳуқуқи байналмиллалӣ, имзои фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили сохтори ин ниҳод, таъсиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар соли 2010 ва дигар тадбирҳои нави мубориза бо коррупсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Дар ҷаласа Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 баромад карда, таъкид намуд, ки аз ҷониби Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ошкор кардану пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ корҳои мушаххас анҷом дод.
Аз ҷумла, Агентӣ барои аз байн бурдани коррупсия, ки аз самтҳои асосии стратегияи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Зимни баромади хеш Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузаронида шудааст, изҳор дошт, ки рафти иҷрои нақшаи кории шӯро ва татбиқи Стратегия дар аксар маврид ба талабот ҷавобгу нест.
Натиҷаҳои мониторинг муайян кард, ки дар баъзе сохторҳо то ҳол нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия тартиб дода нашудааст ва дар баъзе ҳолатҳо бандҳои алоҳидаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия сарфи назар карда шудааст.
Дар охир Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки барои пурра татбиқ кардани Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 аъзои Шӯро бояд нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ карда, дар ҳама зинаҳо барои муқовимати муштарак баҳри аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ чораандешӣ намоянд. 
Барои ҳамкории зич бо аҳолӣ аз ҷониби Агентӣ телефони боварӣ фаъолият дошта, кормандон 724 баромад, 51 сӯҳбати таҳлилӣ омода ва дар ВАО пахш карданд. Инчунин, дар тамоми вазорату идораҳо бо аҳолӣ 1350 мулоқот гузаронида шуд. Дар ин самт инчунин аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 240 семинари омӯзишӣ доир карда шуд. 
Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Қоҳир Расулзода ба фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинге, ки аз ҷониби Агентӣ гузаронида шудааст, баҳои баланд дод.
Зеро ба андешаи Сарвазири мамлакат Агентӣ зимни гузаронидани мониторинг дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ вазъро бо таҳлилҳои амиқ пешниҳоди аъзои Шӯро намуд.
Сипас дар назди аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар иртибот ба натичаҳои санҷиши гузаронидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳисоботи котиби Шӯро — Файзуллозода Шараф, раиси ноҳияи Варзоб  Назирзода Савзаалӣ ва раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Шарбатулло Азизулло шунида шуд.
Тавре маълум гардид, дар ин ноҳияҳо дар давраи санҷиш мутаносибан аз 1 то 2, 5 миллион сомонӣ тасарруфи буҷет ошкор карда шудаст. Дар ҷаласа раисони ноҳияҳои Варзоб ва Вахш ба ташкили нақшаи корӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
Дар охири ҷаласаи Шӯрои милии муқовимат бо коррупсия Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба аъзои Шӯро барои татбиқи пурраи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 -2020, инчунин иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дод.
Дар интиҳои кори ҷаласа вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардида, нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия барои соли 2016 тасдиқ карда шуд.     

 

Декабрь 25, 2015 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид