Ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар асоси созишнома ва ёддошти тафоҳум, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расидаанд, ба роҳ мондааст”,-гуфт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни мулоқот бо раиси Ҷамъияти дўстии Ҷумҳурии Корея дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рен.
Бино ба гуфтаи вазир, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Донишгоҳи Кемёни Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи (славянии) Русия-Тоҷикистон бо се донишгоҳ-Донишгоҳи тадқиқоти байналмилалии Хангук, Донишгоҳи Эйджоу ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пусинги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 67 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 шаҳрванди Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд,-зикр гардид дар суханронии ҷонибҳо.-Инчунин мо метавонем дар самти табодули бештари донишҷўён, баргузор намудани семинару симпозиум ва конфронсҳои муштарак, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ фаъолияти дуҷонибаро ба роҳ монем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






