Ҳамватанони бурунмарзӣ ба иқтисодиёти кишвар саҳми босазо мегузоранд

Декабрь 12, 2015 06:09

Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2013 ду санади муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба тасвиб расид, ки барои таъмини мақсадҳои асосӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Тибқи ин санадҳо шаҳрвандони ҶТ дар ҳудуди ФР ба муҳлати  15 рӯз аз бақайдгирӣ озод буда, муддати иҷозати кор ва будубош аз 1 сол ба  3 сол таъмин карда шуд»,-гуфт сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тоҳир Каримзода дар ҷараёни Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик ва таҷрибаи муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо  дар Душанбе
Хотиррасон мекунем, ки дар кори форуми дурӯза  сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тоҳир Каримзода, директори маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират Акрам Муҳаммадқулов, намояндагони ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд. 
Бино ба гуфтаи сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарипова яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсати кор бо  ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. «Дар ин самт мо як зумра корҳои назаррасро ба сомон расонидем. Раёсат бо  ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи  Русия, ки имрӯз  ҳамчун соҳибкорон чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷа барои бунёду сохтмони иншооти ҳаётан муҳим саҳми босазо мегузоранд, ҳамкории зич дорад. Бахусус бо вилояти Олтой, Красноярск, Екатеринбург, Санкт-Петербург  созишномаҳои байниҳукуматӣ баста шудаанд, ки дар онҳо самти муҳоҷирати меҳнатӣ махсус зикр гардидааст.  Мо бо ҷамъияти тоҷикон дар Русия, аз қабили «Золотой челнок», «Содружество», «Дидор» ҳамкории зич дорем. Сафари намояндагони ҷамъиятҳоро мо доимо кӯшиш мекунем дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон тарғиб намуда, бо онҳо мулоқот доир намоем.  Имрӯз мо бо бовар гуфта метавонем, ки дар вилоят 10 ҳазор соҳибкороне ҳастанд, ки онҳо ҳамватанони бурунмарзӣ буда,  дар рушди иқтисодиёти вилоят саҳми босазо гузоштаанд. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар соли 2016 нақша дорад ба шаҳрҳои Русия сафар карда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот анҷом диҳад»,-илова намуд З. Шарипова. 
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни форуми дурӯза масъалаҳои таҷрибаи Аврупо дар масъалаи ҳамкории давлат бо ҷамъиятҳо, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷамъиятҳои  тоҷикон, саҳми онҳо барои рушди Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  

Декабрь 12, 2015 06:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст