Арабистони Саудӣ нахустин «НАТО»-и исломӣ таъсис медиҳад
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Агентии хабарии Арабистони Саудӣ изҳороте нашр кардааст, ки ин кишвар як эътилофи исломии муштарак бар зидди терроризм бо ҳузури 34 давлат, марказаш дар Риёзро ташкил медиҳад.
Дар ин гузориш омадааст, ки: «Бинобар таъкиди заминаҳои паймони Созмони ҳамкории исломӣ, кишварҳои узви онро ба ҳамкорӣ барои мубориза бар зидди терроризм даъват мекунад. Ва ҳеҷ узрею сафедкуниро барои терроризм қабул нахоҳад кард. Пас ба қароре омадааст, ки як эътилофи низомӣ барои мубориза бо терроризмро таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ таъсис диҳад. Ва дар шаҳри Риёз як маркази амалиёти муштарак барои ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии амалиёти ҳарбӣ барои мубориза бо терроризм ва таҳияи барномаҳо ва механизмҳо барои дастгирии ин кӯшишҳо таъсис дода шавад.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки ба ин эътилоф дар баробари Арабистони Саудӣ кишварҳои зерин низ шомил мебошанд: Ӯрдун, АМА, Покистон, Баҳрайн, Бангладеш, Бенин, Туркия, Чад, Того, Тунис, Ҷибути, Сенегал, Судон, Серра-Леоне, Сомалӣ, Габон, Гвинея, Фаластин, ҷазираҳои Қамара Қатар, Кот де Ивуар, Кувайт, Лубнон, Либия, Малдив, Мали, Малайзия, Миср, Марокаш, Мавритания, Нигер, Нигерия, Яман.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки даҳҳо кишварҳои дигари мусулмонӣ дастгирии худро аз ин паймон изҳор намудаанд ва дар ин робита тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аз ҷумла Ҷумҳурии Индонезия».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






