Аз 834 довталаби кор дар мақомоти агентӣ 71 нафар аз озмун гузашт
Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»). Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти мамлакат қабули санҷиши довталабонро барои ишғоли вазифаҳои холии агентӣ ба таври тестӣ анҷом дод. Ҳадаф аз баргузории озмуни шаффоф ва холисонаю воқеъбинона таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок буд.
Барои ишғоли мансабҳои холии агентӣ моҳи августи соли равон тавассути ВАО ва Агентии хизмати давлатӣ озмун эълон шуд, ки дар он 834 шаҳрванд хоҳиши иштирок кардан намуд. Аз ин теъдод 71 нафар аз озмун гузашт ва то моҳи ноябри соли равон 67 нафари онҳо дар мақомоти агентӣ ба вазифаҳо таъйин шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






