Б. Муродов: «Ин қонун кайҳо боз бо амри дилу виҷдон дар қалби тоҷикон ба тасвиб расида буд»

Декабрь 22, 2015 12:20

Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар байни сокинони минтақаи Рашт чун дар тамоми кишвар ҳамовозии бузургро ба миён овард. 
Мудири бахши чавонони ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродов мегӯяд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки атрофи масъалае  ибрози назар менамоям, ки имрўз тамоми солимфикрону соҳибдилон оид ба он сухан мегӯянд. 
«Ҳамагон бо чашми сар дида, ё худ аз саҳифаи таърих хондаем, ки он замонҳо замони бесарусомонии аҳли диёр, замони аз байн рафтани иқтидори давлатдорӣ, замони беҳокимиятӣ, замони аз даст рафтаи мақомоти қудратӣ ва аз ҳама муҳим, замони бародаркушӣ ва хатари аз байн рафтани миллат буда.
Он замонҳо касе фикри созандагию бунёдкориро намекард. Танҳо орзуи ягонаи мардум ёфтани як бурда нон ва як лаҳзаи оромӣ буд. Ва дар ҳамин асно нафаре лозим буд, ки миллатро роҳнамоӣ кунад, ба ҳам орад ва вазъиятро ба эътидол дарорад. 
Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамин вазъият сарвар интихоб шуду на танҳо лаҳзаи оромиву бурдаи нон овард, балки миллатро ба ҳам овард, иқтидори давлатро пойбарҷо гузошт, ҳокимият барқарор гардид, давра ба давра мақомоти қудратӣ нуфузи худро пайдо намуданд, миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард, диёри чандпорча якпорча шуд. 
Ин ҳама меҳнату заҳмату талоши ҷавонмардона ва софдилонаро талаб менамояд. Он солҳо даврони ҷавонии Э. Раҳмон буд. Яъне, онҳо ҷавонии худро бахшиданду ҷавонӣ накарданд, то мо насли оянда ҷавонии ширин дошта бошем.
 Дар давоми фаъолияти кориашон ҳамасола шахсан бо ҷавонону варзишгарон суҳбату мулоқот менамоянд. Дарди дили ҷавононро ба гӯши хеш мешунаванд ва ба аъзои Ҳукумат дастур медиҳанд, то ин ки пешниҳоду таклифи ҷавонон дастгирӣ ёбад.
Ҳоло дар сатҳи ҷумҳурӣ 4 барномаи давлатӣ мавриди амал қарор дорад, ки тамоми паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, варзишиву фарҳангии кор бо ҷавононро дар бар мегиранд. Яъне таваҷҷуҳи     Сарвари кишвар гумон мекунам пештар ва бештар аз ҳама ба ҷавонон буду ҳаст.
Мо ҷавонон ифихор аз он мекунем, аввалин шуда Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷавонон ба Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 пешбарӣ гардид. Ва шукр аз он, ки ҷавонон дар интихоби Президенти мамлакат муваффақ шуданд.
Хизматҳои шоистаи ин доҳии замон беандоза ва бешумор аст. 
Таъсиси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии назди Донишкада, бунёди Варзишгоҳу боғи фарҳангию фароғатии ҷавонон дар маркази ноҳия ва дигар иншоотву иқдомҳои наҷиб он дастовардҳое мебошанд, ки бевосита бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд.  
Мехостам  ҳаминро зикр намоям, ки бидуни шак, бе ягон муболиға агар чунин як қонунро мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ба тасвиб намерасониданд ҳам,  ин қонун кайҳо боз бо амри дил, бо амри виҷдон дар қалби тоҷикони ҷаҳон ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифта буд.
Ин матлаъ ҳамон мушкеро мемонад, ки худ мебӯяд ва ба таърифу тавсифи аттор ниёзе надорад.
Бо бовари комил гуфта метавонам, ки ҷавонони ноҳияи мо солҳост, ки Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ меҳисобанд ва шуълаи ин падида солҳост, ки дар замири онҳо рӯшноӣ дорад».

Декабрь 22, 2015 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд