Ба садама дучор шудани велосипедрон

Декабрь 25, 2015 04:22

Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -24 декабри соли равон  ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 23-солаи ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, дар ҳудуди деҳаи Эсанқулови ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, велосипедрон, сокини 58-солаи ноҳияи Ҷ. Румиро пахш намудааст. Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

 

Декабрь 25, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш