Баргузор гардидани иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд
Хуҷанд, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 25-уми декабр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати раиси вилояти Суғд, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Раиси вилоят дар ҳисоботи хеш роҷеъ ба натиҷаву дастовардҳои шоистаи мардуми вилоят дар ин давра таъкид намуда гуфт, ки маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, дастуру нишондодҳои муфиду барномавии Пешвои миллат рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид.
Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1210,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷои 1093,3 млн. сомонӣ 1120,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,5 фоиз ё ин ки 27,6 млн. сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1069 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 872,9 млн. сомонӣ маблағҳо равона шуданд, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки баҳри дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилоят 71,5 млн. сомонӣ маблағҳо мақсаднок равона шуданд. Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Истаравшан бобати таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






