Бархӯрдани воситаи нақлиёт ба девори бетонӣ

Декабрь 19, 2015 06:34

Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Санаи 17.12.2015 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 20-сола сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи сероҳаи кӯчаи Фирдавсӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба девори бетонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва мусофиронаш: зани 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва зани 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. 

 

Декабрь 19, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад