Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Хатлон барои солхои 2016-2020 муҳокима гардид

Декабрь 23, 2015 12:45

Қургонтеппа, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа иҷлосияи  чоруми  маҷлиси вакилони  халқи  вилояи Хатлон  даъвати панҷум баргузор  гардид.  Аз рӯи  масъалаи якуми иҷлосия  оид ба тараққиёти иҷтимоӣ- иқтисодии вилояти  Хатлон  дар 11  моҳи соли равон раиси  вилоят  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ  Қурбоналӣ сухан гуфт. Вакилон ҳамзамон «Барномаи  тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии  вилоят барои солҳои 2016-2020»-ро   муҳокима  намуданд. Инчунин  як  зумра қарорҳо оид ба тасдиқи роҳбарон  ба  вазифа ва қарорҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо  аз тарафи  вакилон    тасдиқ  шуданд.

Декабрь 23, 2015 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш