Барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт

Декабрь 8, 2015 03:43

Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз бо роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданнӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.
Тибқи маълумоти то ин дам расида, бар асари заминларзаи 7 декабр беш аз 500 хона вайрон шуда, даҳҳо тан ҷароҳат бардоштаанд.  Мутаасифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки бар асари ин заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон хисорот дидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи мазкур, раиси вилояти Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар аҳолии бесарпаноҳмондаро бо ҷойҳои зисти муваққатӣ, сарулибоси гарм, хӯрока ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин карда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Декабрь 8, 2015 03:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд