Баррасии ҳалли бӯҳрони Сурия дар мулоқоти Путин бо Керри
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 15 декабр Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки бо сафари корӣ дар Маскав қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба авзои кунунии ҷаҳон, бахусус бӯҳрони Сурияро баррасӣ намуданд.
«Мо мебинем, ки Шумо барои ҳалли як қатор мушкилоти бисёр тезу тунд кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Шумо огоҳед, ки мо бо Шумо фарҷоми бӯҳрони тезу тундро меҷӯем», — гуфт дар оғози суҳбат П. Путин ва илова намуд, ки вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ба ӯ дар бораи пешниҳодҳои Амрико ва баъзе масоили баррасишаванда гузориш додааст, аммо масъалаҳое ҳаст, ки муҳокимаи иловагиро талаб мекунанд.
Ҷон Керри дар навбати худ гуфт, ки ИМА ба таваҷҷуҳи Путин барои ҳалли бӯҳрони Сурия арҷ мегузорад. «Мо аз музокирот бо ҷониби Русия пешрафти воқеӣ дар мавриди қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ва иҷрои созиши сулҳ дар Украинаро интизорем», — гуфт Котиби давлатии ИМА.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров зимни мулоқот бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар шаҳри Маскав 15 декабр гуфт, ки танзими бӯҳрони Сурия таваҷҷуҳи доимии Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро талаб мекунад. «Дар ин самт саволҳое маҳфузанд, ки имрӯз бояд дар доираи гурӯҳи байналмилалӣ барои дастгирии Сурия баррасӣ шаванд», — иқтибос меорад «РИА «Новости» бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Русия.
Ҷон Керрӣ дар навбати худ барои идомаи муколамаи Сурия дар Ню-Йорк изҳори умед кард. «Дар баробари ин, шумо шахсан ин мулоқотро ҳамраисӣ мекунед, ман барои кӯшишҳоятон ба шумо изҳори сипос менамоям, умедворам, мо тавонем онҳоро дар Ню-Йорк идома диҳем», — гуфт дипломати амрикоӣ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






