Баррасии дастовардҳо ва мушкилоти панҷолаи соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — “Баррасии дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар соли равону панҷ соли гузашта ва татбиқи стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои панҷ соли оянда» мавзӯи асосии чорабинии имрӯза мебошад. Вале бояд гуфт, ки ин чорабинӣ дар марҳилаи ниҳоят муҳим ва тақдирсоз гузашта истодааст, зеро фазои ноороми ҷаҳонӣ барои аҳли башар вобаста ба ҳодисаҳои сиёсии мубориза бо экстремизму терроризми ҷаҳонӣ суботи тамоми давлатҳоро дар хатар гузоштаанд. Ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандорро имрӯз ин хатарҳо ба ташвиш гузоштааст. Ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, яке аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ- ин пеш аз ҳама, таҳия ва қабули “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ба ҳисоб меравад, ки комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, вазифаҳои рушди соҳаро барои солҳои оянда муайян месозад”,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода 15 декабр дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”.
Бояд гуфт, ки дирӯз дар Душанбе натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур (САММИТ — 5) ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ, роҳҳои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ, таҷдид ва такмили беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






