Баррасии масъалаҳои омодагӣ ба замистон дар Қайроққум

Декабрь 2, 2015 04:57

Душанбе, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум машварати корӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, дар машварати кории назди раиси шаҳр масоили таъмини босифати нақшаи қисми даромади андоз, вусъат додани касбомӯзии занону духтарон, таъсиси муассисаҳои нави илмомӯзӣ, ба монанди литсей, мактабҳои хусусӣ, таъмини зинаҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва камкунии қарзи бақияи андоз  баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз масъулин камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдоштаро пурсон шуда, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони соҳаҳои марбутаро барои таъмини саривақтии самаранокии самтҳои фаъолият дар ҷамъбасти соли 2015, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва  омодагии комил ба давраи  зимистон ва амсоли инҳо муваззаф намуд.

 

Декабрь 2, 2015 04:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид