Башор Асад: Ҳамлаҳои Англия ва Фаронса бефоидаанд
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ “Ховар”). -Раиси ҷумҳурии Сурия ҳамлаҳои Англия ва Фаронсаро бефоида донист ва гуфт, ин кишварҳо барои мубориза бо терроризм ирода надоранд.
Башор Асад дар мусоҳибае бо «Сандей Таймз» гуфт, ин иқдоми ғайриқонунӣ танҳо боиси густариши «ғадуди саратонӣ»- терроризм дар минтақа мегардад.
Асад афзуд: «Англия ва Фаронса аз ҳамон ибтидои даргириҳо ҳимоятгари терроризм буданд».
Вай хотирнишон кард, ки ин ду кишвари аврупоӣ «аз дарки дуруст дар бораи чӣ гуна шикаст додани ДИИШ» бархурдор нестанд.
Башор Асад бо баёни ин, ки эътилофи таҳти роҳбарии Амрико сохта аст, афзуд : «Ин эътилоф ҳеҷ муваффақияти назаррасе надоштааст ва бо ҳамин сабаб Сурия вақти худро бо баҳс дар бораи иқдоми ин масъала талаф намекунад ва ба мубориза бо терроризм идома медиҳад».








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






