Баёнияи Шӯрои уламо

Декабрь 15, 2015 13:08

БАЁНИЯИ
Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»

Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро, ки ҳадафи он пойдорӣ ва устувории давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон бо роҳи арҷгузорӣ ба рисолати таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими беназири ҷамъиятию сиёсӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, бо рўҳияи баланду табъи болида, эҳсоси гарми шаҳрвандӣ ва ифтихор аз ин сарзамини амну осуда пазируфта, дар ин замина ҳама имом-хатибони масоҷид ва кулли муслимини кишварро даъват мекунад, ки онро чун санади волои ҳуқуқӣ ва фарогирандаи беҳтарин суннатҳои маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик бипазиранд ва дар фаҳмонда додани муҳтавои он ба мардуми кишвар саҳм дошта бошанд.

 Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти Тоҷикистон дар солҳои пуртаҳлукаи навадум, пешгирии парокандашавии миллат ва маҳви Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, баъдан сарҷамъ намудани афроди фирорӣ, ба по хезондани иқтисоду иҷтимоиёт, эҳёи хотираи таърихии миллат ва умуман афрўхтани шуълаи умед дар дили ҳар сокини ин ватан ба фардои нек ва зиндагии шоиста, бе муболиѓа, хизмати фарзандона ба ҷо овардаанд. Номи нек ва рафтору аъмоли созанда, хиради худододии ин марди шариф дар ватансозию фароҳам овардани шароит барои пешрафти миллат воқеан намунаи ибрат ва ифтихори пиру барнои Тоҷикистон аст. Имрўз дар ин сарзамин одамеро ёфтан маҳол аст, ки аз корномаи қаҳрамононаи ў огоҳ набошад, бо номи ў ифтихор накунад, орзуи суҳбату машварати ўро надошта бошад.

Таърихи ин сарзамини аҷдодӣ номи неки фарзандонеро медонад, ки ҳар кадом рисолате барои бақои ватану миллат анҷом додаанд. Қиссаву достонҳои беҳтарин фарзандони ин марзу бум — Анўшервону Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ ва даҳҳо дигарон то кунун вирди забонҳост, чунки ҳам тибқи муқарарроти маънавияти дунявӣ ва ҳам мувофиқи таълимоти дини мубини Ислом корҳои накў то абад номи инсонро накў нигоҳ медоранд ва яке аз рисолатҳои диниву дунявии ҳар фарди соҳибдил ҳамин аст, ки аз хеш номи нек ба ёдгор бигзорад.

Агар аз рўи адолат иқрор шавем, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дифоъ аз исломи пок аз онҳое, ки ном бурда шуд, заррае кам нест. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имону иродаи комил, бо ҳидоят ва кумаки Худованди таборак ва таъоло кишвареро наҷот дод, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт, миллати парешонро ҷамъ намуд, дубора ба зиндагӣ умед бахшид. Корҳои баъдинаи ў намунаи волои давлатмардӣ, роҳбарии оқилонаву дурандешона ва раҳнамоӣ ба қуллаҳои мақсуди башарист.

Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бо маънавиёти дини муҳаммадӣ ва рукнҳои муҳими ахлоқи исломӣ комилан мувофиқ аст. Худованди Ѓолиби Боҳикмат дар марҳилае ин марди накўномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано буд. Ба қавли Саъдии бузургвор:

Ба халқе, ки некӣ писандад Худой,

Диҳад хусраве одилу некрой.

Худованди тавоно дар «Қуръон»-и бузургаш (сураи Ҳуҷурот, ояти 9) мефармояд: «Ва адл кунед, ба дурустӣ, ки Худо адлкунандагонро дўст медорад».

Адолат муҳимтарин ва бузургтарин сифати раҳбар аст, ки шариати Ислом ба он аз ҳама бештар арҷ мегузорад. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Одилон дар назди Худованд дар минбарҳое аз нур қарор доранд, онон, ки дар ҳукмашон, хонаводаҳояшон ва роҳбарие, ки ба онҳо дода шудааст, адолатро риоя мекунанд».

Ҳамчунин аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармудаанд: «Якрўза адли подшоҳ аз ибодати шастсолаи як мард беҳтар аст». Ин гуна намунаҳо аз аҳодиси қудсӣ ва набавӣ андар сифати раҳбари оқилу одил хеле зиёданд, зеро дини мубини ислом маҳз бо сифатҳои волои ахлоқӣ аз дигар динҳои осмонӣ афзалият дорад. Ростиву сидқ андар ибодату кор аз дигар фазилатҳои ин дини мубин аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли фаъолияти созандаи хеш ҳамчун раҳбари ростраву ростгў ва содиқ ба халқу миллат номвар шудааст, ки инҳо низ аз беҳтарин хислатҳои  фарди мусалмон ба шумор мераванд.

Расули Акрам (с) фармудаанд: «Ростӣ раҳнамои хайр аст ва хайр раҳнамои биҳишт. Хар кӣ доимо ростӣ кунад, номашро ба ҳузури Илоҳӣ сиддиқ нависанд». Ва Худованд Пайѓамбари моро бо хитоби муҳим – «фастақим камо умирта», яъне «чунон ки фармуда шудӣ, устувор бош», ба сидқ ва ростӣ амр намудааст.

Тавассути қонуни мазкур расмӣ шудани маснади Пешвои миллат  фоли нек дар фазои давлату миллат аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо пеш бо хизматҳои шоёни хеш меҳру муҳаббати мардумро сазовор шуда буданд ва ин санад эътирофи расмии ҳамин маҳбубият аст. Дар ин замина, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикистонро бо чунин иқдоми нек муборак гуфта, саодати ҳарду ҷаҳонро аз даргоҳи Худованди бузург ба дуо хоҳон аст.

   Раёсати Шўрои уламои
   Маркази исломии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 ш. Душанбе 15.12.2015

Декабрь 15, 2015 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад