Беш аз 8 миллиард сомонӣ дар Буҷети давлатӣ ба бахши иҷтимоӣ равона мегардад
Душанбе, 01.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар нимаи дуюми моҳи ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 18 миллиарду 305 миллиону 842 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии кишвар барои соли 2016 -ум 18 миллиарду 594 миллиону 441 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 мисли солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии худро ҳифз намуда, ба ин самт 8,3 миллиард сомонӣ равона мешавад. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 3,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,3 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти нафақа беш аз 3 миллиард сомонӣ нигаронида мешавад. Инчунин ба бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал 661,8 миллион сомонӣ, комплекси сӯзишворию энерегетикӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ, бахши кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об 430,2 миллион сомонӣ, истихроҷ ва коркардаи канданиҳои фоиданок, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон 121,1 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 864 миллион сомонӣ ва ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ 38 миллиону 378 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2016 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ ё ба маблағи 288 миллиону 599 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки пӯшонидани касри буҷет аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет ва қарзҳо (грантҳо) аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва Фонди Авруосиёии устуворгардонӣ ва рушд пешбинӣ шудааст.








Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд






