Бори дигар дар бораи аҳаммияти парвариши лаблабуи қанд дар шароити Тоҷикистон
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Парвариш ва коркарди лаблабуи қанд ба таъсиси ҷойҳои кории нисбатан сердаромад мусоидат карда, имкониятҳои молиявии хоҷагиҳо, кишоварзон ва давлатро бамаротиб зиёд мекунад, зеро парвариши лаблабуи қанд нисбат ба кишт ва парвариши донагиҳо 5-6 маротиба ва нисбат ба киштукори пахта 3-4 маротиба бештар фоида медиҳад. Илова ба ин, имконияти ҷамъоварии андозҳо аз ҳисоби коркарди саноатии лаблабуи қанд пайдо мегардад. Дар заминаи фаъолияти корхонаи коркарди лаблабу баъзе лоиҳаҳои дигари муфидро таҳия ва татбиқ намудан мумкин аст. Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкории наздиҳавлигии деҳот бо ҷалби занони хонашин ба парвариши чорвои ширдеҳ ва бунёди корхонаҳои коркарди шир.
Бо амалӣ намудани лоиҳаи комплексии парвариш ва коркарди саноатии лаблабуи қанд барои рушди соҳаи чорводорӣ, ташкил кардани фермаҳои чорвои калони ширдеҳ, паррандапарварӣ, корхонаҳои коркарди шир ва гӯшт шароити хуби иқтисодӣ фароҳам оварда мешавад. Дар баробари ҳамин фаъолияти ширкатҳои боркашон тақвият меёбад, чунки зарурати интиқоли ҳаҷми зиёди бор ба миён меояд. Илова ба ин, бо мақсади муҷаҳҳаз намудани истеҳсолоти навташкилшаванда, дар корхонаҳои мошинсозии ҷумҳурӣ қисми зиёди таҷҳизоте, ки содаанд ва имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар вуҷуд дорад, ба роҳ монда, бо ин васила ба рушди саноати мошинсозӣ шароити мусоид фароҳам овардан мумкин аст.
Арзиши аслии корхонаи лаблабуи қанд қиммат нест
Тибқи ҳисоби пешакӣ арзиши корхонаи коркарди лаблабуи қанд бо иқтидори 1500 тонна дар як шабонарӯз бо назардошти хариди техникаи кишт (истеҳсоли Чин) ва ҷамъоварии лаблабу 25-30 млн. долларро ташкил медиҳад. Ин нархгузорӣ ҳангоми аниқ кардани талаботи меъёрию техникӣ мумкин аст дар доираи 10-15 фоиз ба самти кам ё зиёд тағйир ёбад. Дар маҷмӯъ, барои бунёди ду корхонаи коркарди лаблабуи қанд тақрибан 60 миллион доллар лозим мешавад.
Ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи мазкур саволе ба миён меояд, ки агар ин фаъолият фоидаовар бошад, чаро дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ба он машғул нашуданд? Ҷавоб ба ин савол аз банақшагирии истеҳсолот дар замони шӯравӣ бармеояд. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ пахта, яъне маҳсулоти содиротӣ лозим буд. Шакар, ширу маҳсулоти ширӣ, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ дар Русия, Украина ва Беларус дар доираи барномаи комплексии парвариш ва коркарди лаблабуи қанд истеҳсол мешуданд.
Манбаъҳои маблағгузории корхонаи коркарди лаблабуи қандро аз ҳисоби ҳукумат, шарики ҳукумату бахши хусусӣ, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок дастрас кардан мумкин аст. Корхонаҳои бунёдшаванда ҳангоми фаъолияти босамар метавонанд дар муҳлати 5-6 сол пурра маблағи қарзро баргардонанд. Мутобиқи хулосаи мутахассисон корхонаҳои коркарди на он қадар бузурги лаблабуи қанд аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ҳисобида мешаванд. Барои хушку холӣ набудани пешниҳоди худ маълумоти зеринро дар бораи корхонаи коркард бо иқтидори 300000 тонна лаблабу (мавсими яксола), ки корхонаи иқтидораш миёна ҳисоб мешавад, мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Фоида аз корхонаи коркарди лаблабуи қанд чӣ қадар буда метавонад?
Барои ҷамъоварии 300 ҳазор тонна лаблабуи қанд дар масоҳати тахминан 3,5 — 4 ҳазор гектар замини обӣ кишти лаблабу гузаронидан лозим аст. Ҳангоми коркарди ин миқдор лаблабу маҳсулоти зерин ҳосил мешавад:
Шакар – 40 ҳазору 500 тонна;
Фишурда – 171 ҳазор тонна;
Патока (меласса) — 13 ҳазору 500 тонна;
Нурӣ (дефакат) – 30 ҳазор тонна;
Баргу пояи сабз – 100 ҳазор тонна.
Ҳангоми коркарди патока зиёда аз 3000 тонна спирти этилӣ-техникӣ истеҳсол кардан мумкин аст.
Маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 240 — 250 млн. сомонӣ арзиш дорад. Ба ин нишондод дар соли сеюми фаъолияти корхона ноил гаштан мумкин аст. Корхона метавонад соли сеюми фаъолият аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷа 45 — 50 млн. сомонӣ маблағ ворид намояд.
Амалӣ намудани ин пешниҳод вазъи соҳаи кишоварзиро куллан тағйир дода, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Парвариш ва коркарди лаблабуи қанд дар майдони 50 ҳазор гектар замини обӣ ва дар ин замина бунёд намудани корхонаҳои коркарди лаблабу, истеҳсоли хӯроки чорво, коркарди шир, гӯшт ва пӯст, ташкили фермаҳои чорвои ширдеҳ метавонад фаъолияти то 100 ҳазор кишоварзонро босамар намуда, барои ташкили 50 — 60 ҳазор ҷойи нави кор мусодит намояд. Зиёда аз ин талаботи ҷумҳурӣ пурра бо шакар, маҳсулоти қаннодӣ, шир, маҳсулоти ширӣ (шири хушк, равғани маска, панир), гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ қонеъ карда мешавад. Дар баробари ин то 7 фоизи талаботи сӯзишвории автомошинро аз ҳисоби спирти этилӣ-техникӣ (бо илова кардан ба бензин) таъмин кардан мумкин аст. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ татбиқи ин лоиҳа метавонад дар давоми 5-6 сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро то 4 — 4,5 миллиард сомонӣ зиёд намояд.
Корро аз чӣ бояд сар кард?
Бо назардошти он, ки татбиқи ин пешниҳод аз фаъолияти якчанд вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вобастагӣ дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро нисбат ба ин масъала таъмин намудан лозим меояд. Аз ҷумла ҳарчӣ тезтар корҳои илмию тадқиқотиро барои дарёфт намудани навъи лаблабуи қанди мутобиқ ба шароити Тоҷикистон бо қанднокии зиёда аз 18 фоизро оғоз намуда, технологияи парвариши лаблабуи қандро дар ноҳияҳое, ки замини обӣ доранд, таҷриба ва таҳия намудан зарур аст. Технологияи захира ва нигоҳдошти лаблабуи қандро дар муҳлати зиёда аз 90 рӯз барои ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия намудан лозим аст.
Дар асоси корҳои тадқиқотӣ тавсияҳоро оид ба ноҳиябандии парвариш, технологияи парвариши лаблабу, технологияи захира ва нигоҳдошти лаблабу омода карда, корхонаи таҷрибавии коркарди лаблабуи қандро бо коркарди шабонарӯзии 50-100 тонна лаблабу дар як шабонарӯз метавон то моҳи июли соли 2016 бунёд кард. Дар сурати амалӣ намудани ин лоиҳа натиҷаи он заминаи илмии парвариш ва коркарди лаблабуи қанд дар Тоҷикистон шуда метавонад.
Тавре ки маълум аст, маҳсулоти ғизоӣ асосан дар заминаи фаъолияти босамари кишоварзон ба даст меояд. Жан Жак Руссо гуфта буд: «Ягона воситаи дар ҳолати мустақил нигоҳ доштани мамлакат – ин рушди хоҷагии қишлоқ аст. Тамоми боигарии дунёро дошта бошед, вале ғизо набошад, аз дигарон вобастаед. Савдо боигариро меофарад, кишоварзӣ озодиро таъмин менамояд».
Аз нигоҳи манфиатҳои давлатӣ, махсусан расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқавории мамлакат мувофиқи мақсад аст, ки сохторҳои ҳукуматӣ дар оғоз намудани корҳои ташкилию ҳамоҳангсозӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии парвариши зироати техникӣ ва бунёди корхонаҳои коркард пешоҳанг бошанд. «Моле бояд истеҳсол кард, ки харидор дошта бошад, на ин ки молеро ба савдо баровард, ки истеҳсол шудааст». Шакар, шир, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ доимо талабот доранд ва хуб фурӯхта мешаванд.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда соли 2013 дар ҷаҳон 271,6 миллион тонна лаблабуи қанд, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 103,4 миллион тонна, Украина 80,4 миллион тонна, Русия 42,2 миллион тонна, Фаронса 38,1 миллион тонна, ИМА 26,2 миллион тонна, Олмон 25 миллион тонна, Туркия 16,1 миллион тонна ва Миср 7,4 миллион тонна лаблабуи қанд ҷамъоварӣ шудааст. Дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи пешниҳодшуда дар хусуси ба роҳ мондани кишт ва парвариши лаблабуи қанд дар шароити Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои коркарди лаблабуи қанд баъд аз 5-6 сол ҳам амнияти озуқавории мамлакат таъмин мегардад, ҳам ҳаҷми молҳои содиротӣ зиёд хоҳад шуд.
Файзиддин Сайфуллозода