Боздиди раиси вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ
Суғд, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-16-уми декабр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни корҳои шаҳраки бунёдшавандаи Меҳрободро мавриди назар қарор дода, бо лоиҳа, нақшаи обёрӣ ва сохтмонии шаҳрак шинос гардид. Бояд зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар маҷмӯан барои 2700 эҳтиёҷманд — сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон дар ин ҷо замин тақсим шудааст.
Ҳоло лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд. Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулин барои анҷоми босифати корҳо, таъмини шаҳрак бо оби нӯшиданӣ ва полезӣ, кашидани хатти барқ, чароғонкунӣ, бунёди роҳҳои дохили шаҳрак ва умуман фароҳам овардани тамоми инфрасохтор дар ин мавзеъ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Шаҳраки навбунёд дар сурати пурра бунёд шудан, оянда барои 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи супориши раиси вилоят корҳои ташкили инфрасохтори шаҳраки Меҳробод, аз қабили чароғонкунӣ, кашидани хаттҳои обу ташноб ва роҳ шурӯъ шуда, то аввали фасли баҳор ба анҷом расонида мешаванд ва сокинон метавонанд ба сохтмони манзилҳо пурра шуруъ намоянд.
Ҳамчунин дар мавзеъ, наздикии шаҳраки навбунёд дар заминҳои бекорхобида раиси вилоят ба бунёди боғи интенсивии сиёҳолу оғоз бахшид. Мувофиқи нақша дар масоҳати умумии 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад. Бино ба гуфти мутахассисон ниҳоли сиёҳолу дар баландии аз 700 то 1400 метр аз сатҳи баҳр хуб нашъунамо менамояд ва ин мавзеъ барои нигоҳубин ва парвариши сиёҳолу мутобиқ аст. Раиси вилоят ба деҳқонон тавсия дод, ки бо маслиҳати мутахассисон навъҳои сиёҳолуро интихоб намуда, бунёди боғҳои навро ба роҳ монанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






