Боздиди раиси вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ

Декабрь 17, 2015 09:14

Суғд, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-16-уми декабр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода,  ҷараёни  корҳои шаҳраки бунёдшавандаи Меҳрободро  мавриди назар қарор дода, бо лоиҳа, нақшаи обёрӣ ва сохтмонии шаҳрак шинос гардид. Бояд зикр кард, ки  бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар маҷмӯан барои 2700 эҳтиёҷманд — сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон дар ин ҷо замин тақсим шудааст.
Ҳоло лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд. Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулин барои анҷоми босифати корҳо, таъмини шаҳрак бо оби нӯшиданӣ ва полезӣ, кашидани хатти барқ, чароғонкунӣ, бунёди роҳҳои дохили шаҳрак ва умуман фароҳам овардани тамоми инфрасохтор дар ин мавзеъ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Шаҳраки навбунёд дар сурати пурра бунёд шудан, оянда барои 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи супориши раиси вилоят корҳои ташкили инфрасохтори шаҳраки Меҳробод, аз қабили чароғонкунӣ,  кашидани хаттҳои обу  ташноб ва роҳ шурӯъ шуда, то аввали фасли баҳор ба анҷом расонида мешаванд ва сокинон метавонанд ба сохтмони манзилҳо пурра шуруъ намоянд.
Ҳамчунин дар мавзеъ, наздикии шаҳраки навбунёд дар заминҳои бекорхобида раиси вилоят ба бунёди боғи интенсивии сиёҳолу оғоз бахшид. Мувофиқи нақша дар масоҳати умумии 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад. Бино ба гуфти мутахассисон ниҳоли сиёҳолу дар баландии аз 700 то 1400 метр аз сатҳи баҳр хуб нашъунамо менамояд ва ин мавзеъ барои нигоҳубин ва парвариши сиёҳолу мутобиқ аст. Раиси вилоят ба деҳқонон тавсия дод, ки бо маслиҳати мутахассисон навъҳои сиёҳолуро интихоб намуда, бунёди боғҳои навро ба роҳ монанд. 

Декабрь 17, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад