Бунёди иншоот бахшида ба 25- солагии истиклолият дар вилояти Хатлон
Кӯлоб, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бунёди пули дарозиаш 130 метр, ки роҳи байни деҳаҳои Токак ва Даҳани шолро бо ҳам мепайвандад, ба истифода дода шуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ пули мазкур дар як муддати кӯтоҳ, яъне дар зарфи ду моҳ мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ имкон фароҳам шуд, ки пул дар муддати кӯтоҳ бо иқтидори вазнбардории қариб 4 тонна ва дарозии беш аз 100 метр аз нав барқарор шавад . Дар соли равон бо иқдоми ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳибкорон барои аҳолӣ дар деҳаи Санги оғур дар болои дарёи Ёхсу бо паҳноии 3 ва дарозии беш аз 150 метр пул сохта шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои нави Нозироти андоз ба истифода дода шуд, ки иншооти мазкур аз 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, аз тарафи ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Ранҷ» бо харҷи 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Дар доираи корҳои бунёдкорӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сохтмону ба истифода супоридани иншооти гуногун аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






