Чораҳои зарурӣ барои муътадил гардидани вазъ дар бозори дохилии асъор
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи арзу шикоят ва муроҷиатҳои сершумори аҳолӣ нисбат ба кори ғайриқаноатбахши як зумра муассисаҳои ташкилоти қарзӣ дар робита ба мушкилот дар пешниҳоди қарз, фоизҳои баланд ва тамдиди муҳлати он, пардохти фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатиро ба ташвиш овардааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мақсади ба як низоми муайяни дар чорчӯбаи қонун амалкунанда даровардани фаъолияти бозори дохилии асъор, маҳдуд намудани гардиш ва хариду фурӯши ғайрирасмии асъори хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ бо роҳбарони ташкилоти қарзии мамлакат мулоқот доир намуд.
Бино ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлилҳои рӯзҳои охири фаъолияти бозори дохилии асъор ва хизматрасонии амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ ташвишоваранд,
Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли якчанд дастури худ ташкилоти қарзиро огоҳ ва вазифадор карда буд, ки маҷмӯи чорабиниҳои техникӣ ва меъёрии ҳуқуқиро дар давраи гузариш андешида, фаъолияти муназзами бозори асъори нақдӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиби мубодилаи асъорро ба аҳолӣ таъмин намоянд. Мутаассифона, роҳбарони баъзе ташкилоти қарзӣ талаботи дастурҳои Бонки миллиро сарфи назар карда, бе риояи талаботи давраи гузариш фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори худро қатъ гардониданд. Тасмими қабл аз муҳлат ва саросемавор қабулшуда ба ҷоннок шудани фаъолияти ҳаннотон ва бозори ғайрирасмии мубодилаи асъор мусоидат намуд.
Баъди қатъ намудани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкилоти қарзӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои мубодилаи асъор тавассути хазинаҳои муассисаҳои худ ягон кори назаррасеро анҷом надодаанд. Чунин муносибати баъзе ташкилоти қарзӣ боиси ноором шудани бозори дохилии асъор ва норозигии шаҳрвандон гардид. Бинобар сабаби дар лаҳзаҳои зарурӣ дастрас карда натавонистани асъори хориҷӣ аз ташкилоти қарзӣ, муштариён маҷбур мешаванд, ки барои қонеъ кардани талаботи худ ба бозори ғайрирасмӣ муроҷиат намоянд.
Дар баробари ин, зикр гардид, ки дар ин рӯзҳо ташкилоти қарзӣ, аз қабили БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶСП “Казкоммертсбонк” масъулият нишон дода, мувофиқи имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон ба аҳолӣ асъори хориҷӣ фурӯхтанд ва ин амал бояд намунаи ибрати дигарон бошад.
Ҳамчунин ба ташкилоти қарзӣ тавсия дода шуд, ки бо соҳибкорони ватанӣ барои аз тарафи онҳо кушодани суратҳисобҳо, ворид намудани маблағҳояшон ва бо ин роҳ дар сурати зарурӣ табдил намудан ба асъори хориҷӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд.
Роҳбарони ташкилоти қарзӣ зимни баррасии масъалаҳои боло иброз доштанд, ки ҳамарӯза дар ҳамкорӣ ва кумаки Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки вазъи бозори дохилии асъорро муътадил гардонанд. Дар айни замон раванди дар назди хазинаҳои бонкҳо, филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ба роҳ мондани амалиётҳои мубодилавии асъор идома дошта, ҳамзамон дар марказҳои таълимӣ омӯзиши кормандони онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоти қарзӣ вазифадор шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиёти мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.
Илова бар ин, роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва масъулини соҳа огоҳ карда шуданд, ки аз беасос баланд бардоштани қурби хариди доллари нақди ИМА худдорӣ намоянд ва асъори аз мардум харидаашонро ба аҳолии ниёзманд фурӯшанд, зеро дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани қурби харид, ба аҳолӣ нафурӯхтани асъори нақди хориҷӣ ва пешниҳод накардани ин намуди хизматрасонӣ дар муассисаҳои бонкӣ нисбат ба ташкилоти қарзии ба ин амал дастдошта чораҳои боздошти ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ андешида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






