Чорабинии фарҳангӣ дар қисми низомии Нуробод

Декабрь 30, 2015 17:43

Нуробод, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба соли нави мелодӣ дар қисми низомии 02011 «а»- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони раиси ноҳия ва зиёиёну нависандагон чорабинии фарҳангӣ гузарониданд, ки дар чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ба хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ барномаи консертӣ пешниҳод намуданд.
Инчунин масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба хизматчиёни ҳарбӣ туҳфаҳои идона ва маводи хӯрокӣ туҳфа карда, дар ҳифзи марзу буми Ватан барояшон барор хостанд.

 

Декабрь 30, 2015 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш