Чорабинии «Созандагони Ватан» ва Иттифоқи ҷавонон таҳти унвони “Интихоби ҷавонон — созандагӣ ва бунёдкорӣ!”
Ғафуров: 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Барои ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ба ин васила дар завқи онҳо бедор сохтани ҳисси зебоипарастӣ, дарёфт ва такмили истеъдоди наврасону ҷавонони лаёқатманд, густариши малака ва маҳорати суханронӣ дар байни ҷомеа ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи ҷавонони ноҳия дар арафаи Соли нави мелодӣ “Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон”-ро байни дастаҳои муассисаҳои таълимии минтақаи Ёва дар заминаи Маркази таҳсилоти иловагии №4 гузаронид.
Дастаҳо мутобиқи низомномаи тасдиқшуда аз рӯи 4 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Озмунро раиси ҳайати ҳакамон Ф.Ҳоҷиев ҷамъбаст намуда, ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






