Дар Индонезия гурӯҳи ифротталабон дастгир шуд
Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Пулиси Индонезия шаш нафар ифротталабони аъзои «Давлати исломӣ» — ро, ки ба амалиёти террористӣ дар ҷазираҳои Ява ва Суматра тайёрӣ медиданд, дастгир намуд. Мувофиқи маълумоти рӯзномаи The Jakarta Giobe, шаби рӯзи шанбе дастаи зиддитеррористии пулиси миллӣ Абу Карим ном сокини музофоти Яваи Ғарбиро дастгир намуд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тахмин мекунанд, ки номбурда ба гурӯҳи ифротталабоне дохил буд, ки ба амалиётҳои ҳарбӣ тайёрӣ медиданд. Аз манзили шахси дастгиршуда мавод барои сохтани асбобҳои тарканда пайдо гардид.
«Вақтҳои охир шаш нафар бо гумонбари омодагирӣ ба таркишҳо дар ҷазираҳои Ява ва Суматра ба ҳабс гирифта шуданд. Хушбахтона, ба мо муяссар шуд, ки онҳоро пеш аз содир намудани чунин вайронкориҳо дастгир намоем. Онҳо иборат аз гурӯҳи муштараканд, ки аъзояшон ба ДИ иртибот доранд», — хабар дод ба рӯзнома манбаи иқомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Мувофиқи маълумоти агентии иктишофии Индонезия, вақтҳои охир аз Сурия ва Ироқ беш аз 100 нафар ҷонибдорони ДИ ба қаламрави ҷумҳурӣ баргаштаанд, хабар медиҳад ТАСС.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






