Дар Париж созишномаи таърихӣ оид ба иқлим маъқул ёфта шуд
Душанбе, 14.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Конфронси умумиҷаҳонии СММ оид ба иқлим дар шаҳри Париж Созишномаи ҷаҳонӣ, ки бояд протоколи Киоторо иваз намояд, маъқул ёфта шуд.
Ҳуҷҷатро 195 ҳайатҳои саросари ҷаҳон дастгирӣ намуданд, хабар медиҳад ТАСС.
«Иштирокдорони конфронс ягон эътирозе надоранд. Созишнома маъқул ёфта шуд», — эълом дошт таҳти кафкӯбии умумӣ раиси ҳамоиши Париж дар мавриди иқлим вазири корҳои хориҷии Фаронса Лоран Фабиус.
Ҳадафи асосии созишнома ноил шудан ба хеле коҳиш додани партовҳои газ ва бо ин васила дар ҳудуди 1,5 — 2 дараҷаи Селсия нисбат ба ҳарорати давраи пешазиндустриалӣ нигоҳ доштани гармии ҷаҳонист. «Агар ин кор иҷро нашавад, сайёра сол аз сол ҳар чӣ бештар дучори катаклизм (тагйироти харобиовар) мегардад», — мегӯянд олимон.
Имрӯз саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон барои коҳиш додани партовҳои газ ба мақсади зикршуда ҷиҳати ҷилавгирии гармшавии саросари ҷаҳон кифоят намекунанд, гуфта мешавад дар муқаддимаи созишномаи Париж. Масалан, дар соли 2030 сатҳи партовҳои умумӣ хавфи расидан ба аломати 55 гигатоннро ба миён меорад, ҳол он ки мувофиқи санҷишоти коршиносони СММ ин аломати ҳаддалимкон набояд беш аз 40 гигатоннро ташкил диҳад. «Дар робита бо ин, кишварҳои аъзои созишномаи Париж бояд чораҳои таъҷилитар бинанд», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Барои таҳлили иҷрои созишномаи Париж ва уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи кишварҳо дар ин бахш пешниҳод мешавад, ки гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад. Дар назар аст, ки гурӯҳи мазкур аз худи соли 2016 ба кораш шурӯъ намояд. Ҳар кадоми кишварҳои созишномаро имзонамуда дар навбати худ уҳдадор мешаванд, ки «ҳар панҷ сол як маротиба» аз дастовардҳояшон дар амри коҳиш додани партовҳои СО2 ва афзун намудани самараи энергия хабар диҳанд.
Созишномаи Париж бояд дар давраи баъди соли 2020 протоколи Киоторо иваз намояд. Вай 12 декабр дар Конфронси умумиҷаҳонии СММ маъқул ёфта шуда бошад ҳам, фақат баҳори соли оянда барои имзо расман пешниҳод мегардад. 12 апрели соли 2016 дар дар қароргоҳи СММ дар Ню — Йорк маросими дахлдор дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. «Созишнома баъди тасдиқ шуданаш аз ҷониби 55 кишваре, ки камаш 55 фоизи ҳаҷми умумии партовҳои ҷаҳонии газ ба онҳо рост меоянд, ба мавқеи иҷро мерасад, — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Тавре ки дар дафтари Дабири кулли СММ ба ТАСС тавзеҳ доданд, созишномаи Париж ба тасвиби иловагӣ дар Ассамблеяи Генералӣ зарурат надорад, зеро дар конфронс бо иштироки ҳамаи 195 кишварҳои аъзои созмони умумиҷаҳонӣ бо аксарияти овозҳо қабул шуда буд.
Натиҷаҳои аввалини созишнома соли 2023 ҷамъбаст мегарданд. «Ин заминаи иттилоотии кишварҳои иштирокдор, ҳамчунин вусъати фаъолият дар ин ва ё он самт мегардад», — зикр менамоянд намояндагони ҳайати Фаронса.
Ҷолиби диққат аст, ки дар созишнома банди алоҳида дар бораи баромади эҳтимолӣ аз он зикр ёфтааст. Ин метавонад «дар ҳар давра баъди гузаштани се сол аз санаи ба мавқеи иҷро расидани ҳуҷҷат рух диҳад». Барои ин бояд фақат муроҷиатномаи хаттӣ ба СММ ирсол гардад. Баъди баромад кишварҳо ягон масъулиятро ба дӯш намегиранд.








Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






