Дар Тоҷикистон натиҷаҳои амалиёти “Кӯкнор-2015” баррасӣ гардиданд

Декабрь 14, 2015 07:09

Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ба хотири пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронида шуд.
Дар амалиёт  кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити атроф,  телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон иштирок намуданд. 
Барои бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути сарҳади давлатӣ, дар роҳҳои мошингард 217 дидбонгоҳи муваққатӣ ва сайёр гузошта  шуданд. 
Ҳангоми гузаронидани амалиёт 193 ҳодисаи сабзиши растаниҳои нашъаовари  худрӯй ба миқдори 1 млн 110  ҳазору 971 бех дар майдони 3,7 гектар ошкор шуда, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани амалиёти «Кӯкнор-2015» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 462 килою 637 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 234 килою 793 грамми онро героин, 428 килою 797 грамми онро афюн ва 1 тоннаву 799 килою 047 граммро маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона ташкил медиҳад.
Барои таъмини назорат аз болои риояи қонунии муомилоти воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва саноатии ҷумҳурӣ 156 санҷиш гузаронида,  барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида, дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. 
 Бо мақсади пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он байни табақаҳои мухталифи аҳолии ҷумҳурӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон оид ба пешгирии нашъамандӣ, омилҳои хариду фурӯши одамон ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

 

Декабрь 14, 2015 07:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд