Дар вилояти Сари Пули Афғонистон 10 силоҳбадасти «Толибон» кушта шуд

Декабрь 24, 2015 06:12

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар  ба  хабари  намояндагони  ҳукуматҳои  маҳаллӣ,  дар  ҷараёни  задухӯрдҳои  миёни толибон  ва  муҳофизони тартибот  дар ҳудуди вилояти Сари   Пули  Афғонистон  на  камтар  аз  10  нафар  силоҳбадастон  кушта ва  4  нафарашон   захм  бардоштанд. 
Ба  гуфтаи  волии  вилояти  мазкур  Муҳаммад  Зоҳир Ваҳдат, амалиёти  ҳарбӣ дар  вулусволиҳои  Созма — Қалъа  ва Сайёд  сурат  гирифтанд. Дар  ҷараёни  муҳориба бо  толибон 5  нафар муҳофизони тартибот, аз ҷумла қумондони  пулиси  маҳаллӣ ба  ҳалокат  расиданд. 

Декабрь 24, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш