Дастовардҳои толибилмони тоҷик дар олимпиадаи Қазоқистон
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз 12 то 14-уми декабри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи барномасозони АвруОсиё баргузор гардид.
Дар олимпиада толибилмони литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” ва литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Тибқи иттилои сухангӯи расмии литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” Туйчӣ Рашидов дар озмунҳои барномасозии умумирусиягӣ ва барномасозони АвруОсиё аз Тоҷикистон 7 даста иборат аз се нафарӣ ширкат намуда, Суруш Давлатзода, Нодир Даминов, Самариддин Шарипов соҳиби медалҳои нуқра, Илҳом Сафаров, Фаррух Каримов ва Азим Темурҷонов соҳиби медалҳои биринҷӣ ва ду гурӯҳи дигар соҳиби дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 гардиданд.
Онҳое, ки дар ин озмун барандаи медал шуданд, имкон доранд бидуни супурдани имтиҳон ба гурӯҳҳои буҷавии чандин донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи техникаи иттилоотӣ ва механикаи оптикии шаҳри Санкт-Петергбург ва Қазоқистон шомил шаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






