Дастовард ва муаммоҳои рушди молияи иқтисодиёти миллӣ

Декабрь 9, 2015 10:18

Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молия таҳти унвони «Дастовардҳо ва муаммоҳои рушди бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир» мизи мудаввар доир гардид. 
 Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода тамоми кормандони соҳаи молияро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфта,   зикр кард, ки дар замони муосир, махсусан дар шароити иқтисоди бозорӣ  бе молия  ва  умуман  соҳаҳое, ки ба маблағгузорӣ алоқамандӣ доранд, рушди иқтисоди ягон кишварро тасаввур карда намешавад. Ҳатто  бӯҳрони молиявии ҷаҳоние, ки сар  задааст, таъсири худро  ҳатман  ба  истеҳсолот, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт  расонидааст. Аз ин лиҳоз, аз кормандони соҳаи молия ва дигар мақомоте, ки бевосита дар соҳаҳои мухталифи молия фаъолият мебаранд,  рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳар як кишвар  вобастагии зиёд дорад.
Мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Ташрифов  табрикоти раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти  молия расонида, иброз дошт, ки кишвари мо аз ҷиҳати сиёсати пулӣ дар миёни давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар як сатҳи муайян қарор дорад. Бонки миллӣ вазифадор аст дар бозори муомилоти пулӣ қурби асъорро дар  сатҳи муайян нигоҳ  дошта,  барои паст намудани сатҳи таварруми пули миллиамон, яъне сомонӣ тадбирҳои муассир андешад. Тавре ки аз мушоҳидаҳо аён аст, на танҳо дар кишвари мо, ҳамчунин дар кишварҳои Аврупо ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ сатҳи баланди таваррум нисбат ба асъори миллиашон ба назар мерасад.
Инчунин  дар  ҷамъомад  мудири  кафедраи молия ва муомилоти пулӣ Шаъбон Нуров дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва масъалаҳои беҳтарнамоии сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои бахши молия» маърӯза намуд. 

 

Декабрь 9, 2015 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад