«Давлати исломӣ» — фашизми муқаррарӣ

Декабрь 3, 2015 07:06

Душанбе, 03.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Таҳлилгарон  дар  амри  арзёбии кирдорҳои  фарогири террористии «Давлати  исломӣ»  қатъӣ  буда,  онро  офати  ҷаҳонӣ, аз  қабили   дастаҳои  ба  онҳо  монанди  «Сари  беҷон» — и  СС — ҷузъу  томҳои   натсистии   дорои  хусусияти таъқиботӣ, ки  Гитлер онҳоро ба  ҳайси олати  асосии  террори  оммавӣ   дар  Олмони  фашистӣ таъсис  дода буд,  чунин қаламдод  мекунанд: «Ин  аз  нигоҳи  миқёс  ҳанӯз  бо  натсизми  гитлерӣ қиёс  нашавад  ҳам,  вале  аслан   ҳамон ғояи  одамбезориро  дорад, вале  бо  баҳонаи  дин. 
Сараввал  дини  сулҳдӯсти  мусулмонӣ бо  тафсири  намояндагони  алоҳидаи Шарқ, Ғарб ва  ИМА  тавонист, ки байни  кишварҳо,  қитъаҳо ва ҷамоаю   халқҳо хархаша  андозад. Каме вақт  мегузараду  баъзеи онҳо  метавонанд  аз  рӯи  замин  нобуд   шаванд. Курдҳо, ки дар  байни онҳо  мусулмонони суннатӣ  арзи  вуҷуд  дошта, як  қисмашон шиапараст ва  қисми  дигарашон  ҷонибдорони   мазҳабҳои  мухталифи  мусулмонӣ ва  парастишҳои  синкретӣ (язидҳо) мебошанд, аз  ҳама  бештар  зарар диданд. Кӯшишҳои   Эрону  Туркия  барои  аз  ҳуқуқҳои  мухторият   маҳрум  сохтани  курдҳо  ва аз  ҳам ҷудо  сохтани онҳо  боиси  шӯришҳои  сершумор  гардиданд. Соли  1970  дар  Ироқ  ҳуқуқи  курдҳо  ба  мухторияти  миллӣ  эътироф  шуда буд.  Имрӯз  Анқара   на  фақат   мавқеъҳои  «Давлати  исломӣ»,  балки   курдҳоро, ки  мехоҳанд  дар  як  қисми қаламрави  Туркияю  Сурия   давлати  худро  бунёд  намоянд, бомбаборон  мекунад. Террористони «Давлати  исломӣ»  курдҳои язидро кофиру  бидъаткор  мешуморанд. Худи  курдҳо  зидди «Давлати  исломӣ»  буда,  ба  ИМА  барои  роҳандозии   амалиёти   зиддитеррористӣ  дар  Сурия ёрӣ мерасонанд. Онҳо  ҳамчунин ҳамлаҳои  ҳавопаймоҳои  Русия ба пойгоҳҳои  ҷангиёни Давлати  исломӣ» — ро  дастгирӣ  мекунанд.
Охири  моҳи  ноябри  соли  равон  дар  бораи   пурра  озод  карда шудани  шаҳри  Синҷари Ироқ,  воқеъ  дар 400  километрии Бағдод хабар  дода шуда буд. Дар  ин  шаҳр безараргардонии  минаҳо  идома дорад, то  сокинони он, ки  аксарияташонро язидҳо  ташкил  медиҳанд,  баъди  моҳҳои  дурру дарози аз  ҷониби «ДИ» таҳқир  шудани  ин  аққалияти динӣ аз  қабили  кушторҳои оммавӣ,  таъқибот,  ғоратгарӣ, таҷовуз ва ғуломгирӣ  ба  ҳаёти  мӯътадил  баргашта тавонанд. Дар   шаҳри озодшуда  ҷинояткориҳои нав ба нави ифротиёни  мазҳабӣ  зидди   шаҳрвандони  осоишта  ба  назар  мерасад. Қабристони   умумии қурбониёне  пайдо  гардидааст,  ки  дар  он ҷасади қариб 110 нафар  занони қатлшудаи  синнашон  аз  40  то  80 мадфун  аст. Ҷасадҳо  шитобкорона зери  хок  намуда, ба  қабристони  умумӣ  минаҳо   гузошта шудаанд. Дар  ин  ҷо  принсипи  фашистӣ  амал  мекард: террористон  фақат  духтарони ҷавону  солимро ғулом  мекарданд. Муҷоҳидон  онҳоро  чун моли  зинда ва ғуломҳои ҷиноъӣ  истифода  мебурданд. Аз  давраи  таҳти  назорати язидҳо  гузаштани  шаҳр  ин қабристони  шашум   дар  шаҳри  Синҷар  ба шумор  меравад. Қаблан, 15 ноябри  соли  равон,  дар  шимоли  Ироқ  низ қабристони  умумӣ  пайдо гардида  буд, ки дар он 50 — 60 ҷасади  мардон ва занон  кӯдакон   зери  хок  карда  шуда буданд. Қабрҳо  баъди аз  террористони  силоҳбадаст  озод  гардидани  шаҳр  пайдо  карда шуданд. Мувофиқи  маълумоти  мухталиф, исломгароён  дар  ҳар  як  чуқурӣ то  130 ҷасади қурбоншудагонро  зери  хок   карда  буданд. 
Он чиз даҳшатовар  аст, ки чунин  ҷаҳолатпарастии ваҳшиёна  дар қарни 21 — уми «мутамаддин» рух  медиҳад. Ёдовар  мешавем, ки чанде  пеш роҳбари «Давлати  исломӣ» Абӯ Бакр — ал — Бағдодӣ фармоне  баровард, ки  ба силоҳбадастони  созмони террористӣ ба навор  гирифтани  ҳолатҳои қатли мухолифони  худ  ва аҳолии  осоишта,  ҳамчунин ба омма  намоиш  додани  наворҳои  тасвиркунандаи  саҳнаҳои зӯровариро манъ  мекунад. Роҳбари «Давлати  исломӣ» тасмими  худро  бо  он асоснок  намуд, ки намехоҳад ба  изати  нафси  созмонҳои ӯро  дастгирикунандаи  мусулмонон  ва фарзандони онҳо расад. Яъне ӯ ғами  нафарони  худро мехӯраду азобу азияти  хешу таборони  қурбониёни  силоҳбадастонро ба назари  эътибор  намегирад. Вай   бо  ин  амалаш  инсондӯстии террористӣ ва ғамхорӣ  дар  бораи  обрӯи «Давлати  исломӣ» — ро намоиш  медиҳад. Абӯ  Бакр — ал — Бағдодӣ изҳор  дошт, ки  намоиши   наворҳои  даҳшатовар  обрӯи  созмони  террористиро  паст  мезанад. Аз ин  пештар аҳли  ҷомеаи  ҷаҳон  аз  наворҳои  мустанади «банаворгирони» исломӣ  мустақиман  дар маҳали  воқеаҳо ба  даҳшат омада  буданд. Исломгароён  лаҳзаҳои  қатл ва куштори  оммавии  на фақат «кофирон», балки   шаҳрвандони осоишта,  ҳамчунин  гаравгонон —  хориҷиёни бисёр  кишварҳоро  ба навор гирифта, дар  интернет  намоиш  медоданд. Фаҳмост, ки мақсад аз  кирдорҳои роҳбарони «Давлати  исломӣ» — и  террористӣ намоиши инсондӯстӣ ва ғамхорӣ  дар  бораи  ҳиссиёти динпарастон не,  балки рӯпӯш  намудани   далелҳои ҳуҷҷатиест, ки  рӯз  аз  рӯз афзун  мегарданд. Бадии  кор  дар  он  аст, ки  Абӯ Бакр — ал — Бағдодӣ ба  дастааш фармудааст, ки ба навор гиранду кушторро  бас  накунанд. Муҷоҳидон  мераванду  аз  худ  пайи  хунини қабристонҳои оммавиро боқӣ  мегузоранд.
         

 

Декабрь 3, 2015 07:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад