Департаменти давлатии ИМА хабарро дар бораи иштироки ҚҲҲ дар ҳамла ба пойгоҳи Сурия рад намуд
Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»). Дар ҷараёни амалиётҳои зидди созмони террористии «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Сурия қувваҳои ҳарбии ИМА ба қӯшунҳои Сурия зарба назадаанд, гуфт намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.
«Ман бо изҳороти вазорати мудофиа дар мавриди ин зарба мубоҳиса карданӣ нестам. Он чизеро мегӯям, ки медонам: ҳақиқат он аст, ки зарба аз ҷониби ИМА сурат нагирифтааст. Мо дар наздикии ин минтақа амалиётҳо нагузаронидаем. Мо ҳангоми роҳандозии амалиётҳои ҳавоӣ қувваҳои Сурияро ба нишон гирифтанӣ нестем. Ҳамаи амалиётҳои қувваҳои эътилоф зидди «Давлати исломӣ» нигаронида шудаанд», — гуфт Ҷон Кирби дар нишасти матбуотӣ дар Департаменти давлатӣ.
Танзимгари маъракаи ИМА зидди «Давлати исломӣ» Бретт Макгурк ахборотро дар бораи зарбаи қувваҳои эътилоф ба низомиёни Сурия рад намуд.
Мувофиқи хабари васоити ахбори оммаи Ғарб, намояндаи эътилофи байналмилалӣ Стив Уоррен низ ҳамин фикрро баён кард. «Мо хабарҳои аз Сурия расидаро шунидем, вале мо ба пойгоҳи Сурия воқеъ дар Дайр аз Зор зарба назадаем», изҳор дошт мавсуф.
Мувофиқи маълумоти ҷониби Сурия, чор ҳавопаймои қиркунандаи эътилофи байналмилалӣ дар музофоти Дайр аз Зор ба урдугоҳи артиши Сурия зарба заданд, ки бар асари ин се сарбоз ҳалок гардида, 13 нафари онҳо захмӣ шуданд. Фаъолони Шӯрои назоратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Сурия низ ба вуқӯъ пайвастани зарбаҳоро тасдиқ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






