Департаменти давлатии ИМА хабарро дар бораи иштироки ҚҲҲ дар ҳамла ба пойгоҳи Сурия рад намуд

Декабрь 8, 2015 04:54

Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Дар  ҷараёни  амалиётҳои  зидди созмони  террористии  «Давлати исломӣ»  дар  ҳудуди  Сурия қувваҳои  ҳарбии  ИМА ба  қӯшунҳои  Сурия  зарба  назадаанд, гуфт  намояндаи  Департаменти  давлатии  ИМА Ҷон Кирби. 
«Ман бо  изҳороти  вазорати  мудофиа  дар  мавриди ин  зарба  мубоҳиса карданӣ  нестам. Он чизеро  мегӯям, ки  медонам: ҳақиқат  он  аст, ки   зарба  аз  ҷониби  ИМА  сурат  нагирифтааст. Мо  дар   наздикии  ин  минтақа  амалиётҳо  нагузаронидаем. Мо ҳангоми   роҳандозии  амалиётҳои  ҳавоӣ қувваҳои  Сурияро ба  нишон  гирифтанӣ  нестем. Ҳамаи  амалиётҳои  қувваҳои  эътилоф  зидди «Давлати  исломӣ»  нигаронида  шудаанд», —  гуфт Ҷон  Кирби  дар нишасти  матбуотӣ дар Департаменти  давлатӣ.
Танзимгари маъракаи  ИМА  зидди  «Давлати  исломӣ» Бретт Макгурк ахборотро  дар  бораи  зарбаи  қувваҳои  эътилоф  ба  низомиёни  Сурия   рад  намуд. 
Мувофиқи  хабари  васоити  ахбори  оммаи Ғарб, намояндаи эътилофи  байналмилалӣ Стив  Уоррен  низ ҳамин  фикрро  баён  кард. «Мо  хабарҳои  аз  Сурия  расидаро  шунидем,  вале  мо ба пойгоҳи  Сурия  воқеъ  дар  Дайр  аз  Зор зарба  назадаем», изҳор  дошт  мавсуф.
Мувофиқи  маълумоти ҷониби  Сурия, чор ҳавопаймои қиркунандаи эътилофи  байналмилалӣ  дар  музофоти Дайр  аз  Зор ба  урдугоҳи   артиши  Сурия  зарба  заданд, ки бар  асари  ин  се  сарбоз  ҳалок  гардида,  13  нафари онҳо  захмӣ  шуданд. Фаъолони Шӯрои  назоратӣ  оид ба  ҳуқуқҳои  инсон  дар  Сурия  низ ба  вуқӯъ  пайвастани  зарбаҳоро  тасдиқ  намуданд. 

 

Декабрь 8, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад