Дилшод Назаров — варзишгари беҳтарини соли 2015
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 19 декабр даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол гардид.
“Дар мавсими варзишии соли 2015-ум дар байни варзишгарони тоҷик танҳо ба Дилшод Назаров муяссар шуд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъи олимпии варзиш медал ба даст биёрад. Вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин дар гурзандозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт. Инчунин ӯ ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки имсол дар риштаи олимпӣ ба унвони қаҳрамони Осиё ва медали тилло даст ёфтааст (Ухан, Чин). Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров то ба имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) шудааст. Дар мавсими имсола Дилшод Назаров, ҳамчунин борҳо ғолиб ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»” гардидааст”, — иброз дошт Нарзулло Латифов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






