Директори Боғи ҳайвоноти Душанбе: Байни «Амур» ва «Темур» дӯстӣ боқӣ намемонад
Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳайвонҳое, ки дар Боғи ҳайвонот нигоҳ дошта мешаванд, аз ҳайвонҳое, ки дар ҷангалзор зиндагӣ мекунанд, ба куллӣ фарқ доранд. Яъне, ҳайвонҳои Боғи ҳайвонот тайёрхӯр, ба истилоҳ «паразит» мебошанд. Аз ин рӯ ҳиссиёти даррандагии ҳайвонҳои ваҳшӣ суст мегардад. Барои он, ки ҳиссиёти дарандагии ҳайвон гум нашавад, ба онҳо аз тарафи кормандони боғи ҳайвонот тӯъмаи зинда дода мешавад, то онҳо ҳиссиёти худро барқарор кунанд», — гуфт директори Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Қурбон Одинаев доир ба воқеаи аҷибе, ки ҳафтаи гузашта расонаӣ шуда, дӯстии байни паланг «Амур» ва буз «Темур»-ро бозгӯӣ мекард.
Ёдовар мешавем, ки дар боғи Сафарии канораи Приморияи Русия палангу буз чанд рӯз аст, ки якҷоя зиндагӣ доранд. Директори боғи Сафари Дмитрий Мезенсев гуфтааст, ки: «Мо ду бор дар як ҳафта ба палангон тӯъмаи зинда медиҳем. Паланг Амур, ки борҳо бузғолаву бузҳои калонро кушта буд, ин дафъа бо эҳтиёт ба ин тӯъмааш муносибат кард. Ин буз хеле ҷасур буда, ба ҳар ҳуҷуми Амур шохҳояшро нишон дода, ҷавобан ҳамла мекард. Паланги эҳтиёткорро ин кори буз ба изтироб овард ва нахост дигар бо бузи якрав сар ба сар шавад ва аз баҳраш гузашт”.
Ҳамчунин вобаста ба ин воқеа директори Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Қурбон Одинаев гуфт, ки ҳеҷ вақт байни ин гуна ҳайвонот дӯстӣ боқӣ намемонад ва рӯзе эҳсоси дарандагии паланг бедор шуда, ӯ зарари худро ба буз мерасонад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






