Донишкадаи идоракунии давлатӣ: хатми 65 магистрант дар соли 2015
Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба хатми магистрантҳо дар соли 2015 доир шуд.
Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода-ректори донишкада, Ҷ.Давлатов-директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашурбой — ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Самариддин Авғонов -сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Макс Георг Майер-роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ ва намояндагон аз мақомоти марказии кишвар иштирок намуда, сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки Донишкадаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи олии таълимии назди Сарвари давлат яке аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, маҳз бо ибтикор ва дастгирии Президенти маҳбуби кишварамон сол аз сол рушд меёбад.
Дар тантанаи хатм 65 нафар ба дипломи дараҷаи магистрӣ бо ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” мушарраф гардиданд. Инчунин як гурӯҳ хатмкунандагони фаъол ва устодони донишкада барои меҳнати пурсамарашон аз ҷониби раёсати донишкада бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ магистрҳо барои меҳнати содиқона ба халқу Ватан ва роҳандозӣ намудани фаъолияти касбии худ таҳти шиори “Дасту дили пок ва нияти нек” савганд ёд карданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






