Эҳтиром ба пешвоён аз Шакурию Ситсерон

Декабрь 24, 2015 05:18

    Душанбе, 24.12.20. (АМИТ «Ховар»). — Вақте ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун  «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд, як мусоҳибаи устоди шодравон Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба ёдам омад.  Чанд соле қабл, дар яке аз пурсишномаҳо, ки радиои «Озодӣ» барои шунавандагони худ бо устоди зиндаёд барпо намуда буд, шунавандае  бо номи Ашўр Назарзода аз ў чунин суоле кард:
«Шумо доим аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунед ва дар ҳамин мусоҳибаи ахири хеш ҳам бо эҳтироми зиёд аз Раҳмон ном бурдаед. Ба назари шумо, оё аҳли зиё набояд ҳамеша виҷдони халқ бошанд ва ҳалқро ҳимоя кунанд, на омирону амиронро? Ташаккур.  Ашўр Назарзода». 
Устоди равоншод, ки ҳамчун зиёии асил воқеан виҷдони миллати мо буд (ва  инро ҳам дўстону ҳам душманон эътироф кардаанд) ба ин суол чунин ҷавоби сазовор дод:
 «Сарвари миллатро эҳтиром бояд кард ва дар кори нек дастёри ў  бояд буд. Банда инро вазифаи виҷдонии худ медонам. Ман на дар ҳаққи ҳар «омиру амир», балки нисбат ба ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром арз кардаам. Бо шарофати ғамхорӣ ва сахтгириҳои Ҷаноби Олист, ки «Қонуни забон» барҳам нахўрд ва мо имрўз дар роҳи иҷрои он мекўшем. Он чи эшон дар бузургдошти забони модарӣ гуфтанд, банда дар ин умри дарозам аз ҳеҷ  як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Камина ба чанд сабаби дигар низ эшонро сазовори ҳурмат медонам» (http://www.ozodi.org/content/article/604459.html).
Бояд тазаккур дод, ки навиштаҳои муаллифони гуногуни ВАО-и кишвар, аз ҷумла сатрҳои мақолаи мазкури ин ҷониб барои ашхоси гуногунақида шояд муассир набошанд,  нафароне ҳастанд, ки онҳоро танҳо навиштаи тавсифие баҳогузорӣ менамоянд, аммо ҳар нафар, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ медонаду (новобаста аз гуногунақидативу мавқеи мухталифи сиёсӣ)  ба худшиносии миллии тоҷикӣ арҷ мегузорад, имкон надорад суханони фавқуззикри устод Шакуриро нодида бигирад, чун устод яке аз поягузорони ҳувияти миллии тоҷикон мебошанд.  
    Чунонки мебинем,  устод Шакурӣ чандин сол қабл мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро болотар аз ҳар гуна «омиру амир», яъне аз ҳар мансабдору курсинишин донистаанд, ўро Сарвари Миллат хондаанд. Бо такя ба ин суханони устоди зинданом бо итминони комил метавон гуфт: Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кайҳо дар байни мардум ва аҳли зиёи тоҷик, чи дар дохил ва чи дар берун, сазовори унвони Пешвои миллати тоҷик гаштааст. Ва суханони устод Шакурӣ, ки ўро чи дўсту чи душман эътирофу эҳтиром мекунанд, ба ин гувоҳӣ медиҳанд.
     Ба ибораи дигар мардум кайҳо дар зеҳну дилу дидаи хеш дар гуфтаву навиштаҳояшон Президенти худро ба унвони Пешвои миллат сазовор донистаанд, ўро бо унвонҳои Пешвои тоҷикон ва Сарвари миллату давлат ёд кардаанд. Ба ин хотир, Маҷлиси Олии ҶТ танҳо он воқеиятро, ки дар ҳаёти мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ мавҷуд аст, расман ба ҳукми қонун даровардааст.
    Файласуфону фарҳангшиносон кайҳо нақши шахс дар таърихро таҳлилу баррасӣ намуда, ба хулосае омадаанд, ки маҳз шахсиятҳои бузург таърихсози миллати хеш ва аҳли башар будаанд. Нақшу саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар падидаҳои ба ҳамагон маълум – қатъ намудани ҷанги хунини шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳифз намудани якпорчагии давлату миллат, ба маснад нишонидани ғояи худшиносии миллии тоҷикӣ ва забони тоҷикӣ ва ғайраро мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ ба хубӣ медонанд. Агар ба ин хидматҳои Президенти кишвар  маҷмуъан ва мунсифона назар афканем, мебинем, ки он хидмати на  як нафар  мансабдор ё «омиру амир», балки маҳз нақшу саҳми Пешвои миллат аст.  Ҳар мансабдору «омиру амир» чунин нақшеро наметавонист ва натавонист иҷро бикунад. Ин рисолати Пешвои Миллат буд, ки онро тавонист бо сарбаландӣ адо намояд. Ва имрўз мо аз хонаи хеш, аз  кишвари орому осудаи худ ба  ҳаводиси хунини Афғонистону Ироқу Сурия дида медўзему ҳазор бор шукри онро  менамоем, ки ҷанги шаҳрвандии мо қатъ гардид ва мардум дар атрофи Пешвои худ сарҷамъанд.          
    Дар мавриди ҳама гуна  сулҳ, аз ҷумла сулҳи тоҷикон, ба назари ин ҷониб, бояд ҳамеша як сухани файласуф ва сиёсатмадори Рими қадим Марк Туллий Ситсеронро дар хотир дошт, ки зиёда аз ду ҳазор сол қабл гуфта буд: «Сулҳи бад беҳтар аст аз ҷанги хуб». Шояд нафароне дар ҷомеаи мо бошанд, ки аз дастовардҳои сулҳ норозиянд, ҳувияти миллии дунявӣ ба ақидаи онҳо созгор набошад, таҳкими сулҳу субот онҳоро шод накунад,  аммо ин сухани Ситсеронро боястӣ ҳалқа бар гўш кунанд, зеро дар ҷангу ҷидол хушку тар, гунаҳгору бегуноҳ, марду зану кўдак куштаву нобуду сарсону саргардон мегарданд… Барои тиру туфанг фарқ надорад (махсусан дар ҷангҳои шаҳрвандӣ), ки ба кӣ хоҳад расиду киро нобуд хоҳад кард… Ва инро мо ҳамарўза бо ду чашми сар дар мисоли кишварҳои фавқуззикр мебинем, ки мардуми онҳо ҳамагон сарсонанд, новобаста аз он ки кадом қувваю неруи мусаллаҳи сиёсӣ амали худро барҳақ  дониста бошад. Ва пешвое ҳам надоранд, ки ҳамаро тавонад сарҷамъ намояд. Амрико мегўяд Асад лозим нест, Русия мегўяд Асад лозим аст, аммо дар натиҷа кӣ саргардон?! Халқи бечораи Сурия, ки имрўз дар қалби хеш фақат як орзу дорад – Пешвои миллие, ки дар атрофи он ҷамъ шаваду сулҳу суботро барқарор намояд!   
       Роҳи ҳақ – ин роҳи сулҳу субот, роҳи ташаккули давлати миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва ғояи миллӣ-дунявии давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ин рисолатро барои миллату ватани мо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адо намудааст ва рисолати имрўзааш — устувор намудан ва рушди давлатдории миллиро сарбаландона идома дода истодааст. Ба ин хотир, маънии унвони Пешвои Миллат фаротар аз як шахс буда, ин унвон ба таҳкими ваҳдати милливу пойдории давлатдории миллии тоҷик, чи дар марҳалаи ҳозираи таърихи миллат ва чи дар оянда зарур аст. 

 
Масрур Абдуллоев,
ноиби ректор оид ба корҳои илмии
 Донишгоҳи (славянии) 
Россия ва Тоҷикистон
доктори илмҳои филологӣ, 
профессор

 

 

Декабрь 24, 2015 05:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад