Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи шахсони бар асари заминларза ҳалокшуда изҳори тасаллият намуд

Декабрь 9, 2015 05:37

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон бо таассуф зикр гардид, ки як ронандаи мошини боркаш дар ноҳияи Ванҷ ва як корманди милитсияи ноҳияи Рӯшон ҳангоми ба кумакрасонӣ рафтан дар натиҷаи сангрезиҳои дар пайи заминҷунбӣ рухдода ба ҳалокат расиданд. 14 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардию тасаллият намуда, барои бо табобати босифат фаро гирифтани нафарони маҷруҳшуда ва кумакҳои зарурӣ расондан ба ҳамаи осебдидагон, хусусан оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ба аҳли оилаи ҳарду фавтидагон кумакҳои зарурӣ расонда шавад.

 

Декабрь 9, 2015 05:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст