Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи шахсони бар асари заминларза ҳалокшуда изҳори тасаллият намуд
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон бо таассуф зикр гардид, ки як ронандаи мошини боркаш дар ноҳияи Ванҷ ва як корманди милитсияи ноҳияи Рӯшон ҳангоми ба кумакрасонӣ рафтан дар натиҷаи сангрезиҳои дар пайи заминҷунбӣ рухдода ба ҳалокат расиданд. 14 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардию тасаллият намуда, барои бо табобати босифат фаро гирифтани нафарони маҷруҳшуда ва кумакҳои зарурӣ расондан ба ҳамаи осебдидагон, хусусан оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ба аҳли оилаи ҳарду фавтидагон кумакҳои зарурӣ расонда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






