Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Хабари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» -ро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ нек дарёфта, шукри Парвардигорро ба ҷо овардам, ки дар сарзамини таърихии аҷдоди мо – тоҷикон ҳақиқат мутантан гашт. Таърихи исоният гувоҳ аст, ки дар ҳар як марҳилаи ҳассоси таърихии рушду инкишофи давлату миллатҳои алоҳида шахсиятҳо ва фарзонафарзандони бонангу номуси онҳо сабабгори наҷоти давлату миллат, боло бурдани нуфузу эътибор, муаррифии миллатҳои хеш ба ҷаҳониён ва ҷовидона гардонидани он дар масири таърих мегарданд. Баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ дар интиҳои асри 20 миллати ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 волотарин неъмат – истиқлолияти давлатиро ба даст оварда, дар масири таърих имкони муносиб пайдо намуд, ки бо дастони худ ба бунёди давлатдории миллӣ шурўъ намояд. Вале, мутаассифона, мо натавонистем, ки дар солҳои аввали касби соҳибихтиёрии давлатӣ дастоварду музаффариятҳои истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи аҷнабиён Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар замоне, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ месӯхту мардуми шарифи тоҷикро ҳолати яъсу навмедӣ фаро гирифта буд, умед ба фардои зиндагӣ намонда буд, Парвардигори олам Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рўйи олам ҳамчун бозёфти нодир ба хотири наҷот ва эҳёи давлату миллати тоҷик ҳадя намуд. Ӯ ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст.
Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Президенти Ватани маҳбубамон тассавур кардан имконнопазир аст. Дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва хизматҳои арзандаи шабонарӯзии Роҳбари давлат хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд ва номи тоҷик дубора дар арсаи таърих ҷовидона гардонида шуд. Бо гузашти солҳо, гаштаву баргашта, натиҷаи нахуст ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба мансаби олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди содиқу вафодори миллат ба мақсад мувофиқ будани онро собит намуда истодааст. Дар заминаи роҳандозӣ намудани сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсаднок бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Ҷаноби Олӣ заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуда, Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои муваффақ шинохта шудааст. Миллати тоҷик дар симои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва сарвари ҳақиқии хешро пайдо намуд. Ҳар чизеро, ки ба мардуми шарифи тоҷик ваъда кард, фарохтар аз он вафо ва амалӣ намуд. Таъмини сулҳи пойдор, ваҳдати миллӣ, суботу ҳамдигарфаҳмӣ, хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, таъмини шароити арзандаи зиндагонии мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон ва бепарасторону бенавоён, рушди бемайлони бахши иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар, эҳёи заминаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ, боло бурдани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз арзишмандтарин ва волотарин хизматҳоеанд, ки то кунун Сарвари давлати тоҷикон ба нафъи пешрафт ва ободонии Тоҷикистони азиз анҷом додааст. Бо шарофати хизматҳои содиқона ва ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландонаи ин фарзанди фарзонаи миллат ҳадафҳои муҳиму стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бомаром иҷро шуда, дурнамои инкишофу пешрафти давлати Тоҷикистон нек тарҳрезӣ шуданд. Муҳимтар аз ҳама, дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гулхани умед ва бовару эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз фурўзон шуд.
Таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз беназиртарин хизматҳои бузурги тақдирсозест, ки ӯ барои давлату миллати тоҷик анҷом дод.Вай барои ҷаҳониён мактаби бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозиро асос гузошт. Бовар дорам, ки ин таҷрибаи бузург дар ин самт садсолаҳо мавриди омўзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои мутамаддини олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.
Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ва фарди худогоҳи ҷомеа дар қатори миллионҳо ҳамватанону тоҷикони берунмарзӣ бо назардошти хизматҳои бузургу беназири таърихии Сарвари давлатамон дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, бунёди аркони давлатдории миллӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷовидона гардонидани номи миллати тоҷик пуштибонии амиқи худро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» изҳор медорам. Мо тоҷикон ба чунин Пешвои хирадманду дурандеш ва ғамхору дилсўзи миллат ниёз дорем.
Эмомалӣ Раҳмон дар асл асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллати тоҷик аст.
Ба мардуми шарифи тоҷик ба расмияти ҳуқуқӣ даромадани мақоми Пешвои миллатро барои фарзанди фарзонаю фидокор ва сарсупурдаи миллати тоҷик самимона шодбош мегӯям ва аз даргоҳи Яздони Пок ба он кас саломативу сарбаландӣ, пирўзиву саодатмандӣ, бурдбориву давлатдории шоистаро ба нафъи пешрафти Ватани маҳбубамон орзумандам.
Зиҳӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон!
Бо самимият,
Руқия Қурбонова